Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

баъд забони тоҷикӣ, мисли забони фаронсавии
Петербург забони дарборӣ буд?
Ёдгоров гуфт, ки ман инро аз архивамон ёфтам, аз архиви обком, ки Қучқоров ном котиби обком ба Сталин мактуб навишта, ҳамин гапро гуфта буд. Чун Ёдгоров инро гуфт, ман ба ёдам омад он комиссияи Моленков.
Қучқоров, дар ҳамон солҳои баъд аз ҷанг котиби обкоми Бухоро буд. Баъд аз ин ҷо рафт, вайро Тошканд бурданд, вазири корҳои хориҷии Узбекистон шуд. Чанд вақт дар ҳайати вакилони СССР дар ООН менишаст, ҳар дафъа, ки сессияи ООН мешуд. Ҳамин тур хеле боло рафт. Ҳамон вақте, ки комиссияи Моленков нома навишта буд ба обкомҳо, аз ҷумла обкоми Бухоро, ин ҷавоб навиштааст. Яъне, ҳамин Қучқоров, котиби обком.
Ман гуфтам:
-Таърихи навиштани ин нома ошкор шуд. Таърихи навишта шудани ин номаи Қучқоровро ман медонам. Таърихаш ҳамин, ки бо талаби комиссияи Моленков ин гуна ҷавоб навишта шудааст. Ҷавоби бемаънӣ. Наход шумо гумон кардед, ки Сталинро фиреб медиҳед? Ба роҳи нодуруст мебаред? Ҳамин хел боз давом кард мубоҳисаи мо. Хурок нахурдем.
На Осимӣ, на Икромӣ, на ман, даст нарасондем ба хурок. Ин котиби обком ҳам ҳеҷ чӣ нахурд. Онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё