Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Ман, ки дар боло шишта будам, медидам, ки чун барои мо баъзеҳо қарсак мезананд аз толор, барои он маҳаллиҳо низ баъзеҳо ҳам чапак мезананд, қарсак мезананд. Нигоҳ кунам, ҳамин толори бузург ба ду тақсим шудааст. Нисфаш ба мо чапак мезанад, нисфаш ба он узбекпарастҳо чапак мезананд. Яъне, дар ҳамон толори бузург, дар рӯзи ҷашн ҳам тоҷикҳо ҷудо ва узбекҳо ҷудо нишаста буданд. Чун ин мубоҳисаву ин мунозира хеле давом кард, котиби дуюми обком, ки як ҷавони рус буд, эълон кард, ки танаффус. Маҷлис нотамом монд, танаффус эълон шуд. Баъд моҳоро гирифта бурданд як хона, ба як хонаи калон, ки столи бисёреву дастархон оростаанд. Он ҷо хурок хурданамон даркор буд. Домулло Осимӣ шиштанд, баъд Икромӣ, баъд ман. Рӯ ба рӯи мо аз он тарафи стол, боз ҳамон Ёдгоров шишт, котиби дуюм урусбача шишт, баъд дигар калонҳои Бухоро. Баъд ҳамон меҳмонҳое, ки аз обкомҳою аз куҷоҳо омада буданд, ҳамон меҳмонҳо будаанд дар он хона барои хурокхурӣ омадагӣ. Лекин ман гапамро боз гуфтам.
Мубоҳисаи ман он ҷо давом кард. Ҳамту шишта будем, ки ман гуфтам:
-Ин гаперо, ин музахрафотеро, ки гуфтед, аз куҷо
гирифтед? Аз куҷо шумоба ин маълумот, ки гӯё
шоҳони Эрон омадаанду ин ҷо забон форсӣ шуду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё