Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дарбори амирон истифода мешуд. Монанди он, ки забони фаронсавӣ дар Санкт-Петербург дар байни дворянҳои(ашроф) Россия ба кор мерафт, мисли ҳамин.

Вақте ки ин гапро гуфт, ман дигар тоқат карда натавонистам. Сардори мо дар ин маҷлис Осимӣ буд. Академик Осимӣ, Ҷалол Икромӣ ва ман сеямон дар боло нишаста будем, дар ҳайати раёсат.
Дигар намояндаҳои Тоҷикистон ҳама дар поин, дар қатори якуму дуюми ҳамон толор нишаста буданд.
Ман чун ин гапҳоро шунидам, ҷаста хестам аз ҷою гуфтам, ки:

-Чӣ музахрафот мегӯед шумо? Забони тоҷикӣ ҳеҷ вақт, фақат забони дарбор набуд. Забони тоҷикӣ ҳама вақт ва имрӯз ҳам забони халқ аст. Забоне, ки мардум бо он суҳбат мекунанд. Ба атроф нигоҳ кунед. Ҳама ба тоҷикӣ гап мезананд. Забони давлатӣ дар ин обкоми шумо дигар аст. Ва ҳоказо.

Домулло Осимӣ хестанд, чиҳое гуфтанд.
Домулло Икромӣ хестанд, чанд луқма партофтанд.
Ба ҳар гапи мо аз тарафи Бухоро, аз калонҳои шаҳри Бухоро, вилояти Бухоро, ба ҳар кадоми мо ҷавоб мегуфтанд. Мо боз ба онҳо ҷавоб мегуфтем.
Дӯлоб шуд. Мубоҳисаи калон сар шуд. Маърӯзачӣ рост истодааст дар минбар, ҳеҷ чӣ гуфта наметавонад.

пешина
аз 117
навбатӣ