Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Айнӣ доштем, сесияи илмии ҳарсола. Ҳамон сессияи илмиро дар Бухоро таъйин карда будем, ки дар Бухоро ба муносибати ҷашни Инқилоб сессияи Айниро мегузаронем. Бинобар ин, ҳам бо даъвати калонҳои Бухоро ва ҳам бо хоҳиши раҳбарони Душанбе як гурӯҳи калони мутахассисони Тоҷикистон барои ҷашн ба Бухоро рафтанд.
Дуюми сентябр ҷашн сар шуд. Ҷашн дар бинои обком, Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунисти Бухоро, як бинои баланди нав буд, ки як зали бисёр калони зебо доштааст, дар он толори калон, ки пури одам буд, сар шуд. Аз Тошканд меҳмонон омада буданд, аз Кумитаи Марказии ҳизби Комунисти Узбекистон. Аз ҳама обкомҳои Узбекистон меҳмон омада буд. Аз баъзе институтҳо, аз куҷоҳо, меҳмон хеле бисёр буд. Баъд аз ҳамаи ноҳияҳои вилояти Бухоро намоянда омадааст, ки толор пур, пури одам буд. Вақте ки ин маҷлис сар шуд, котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунист Дамир Ёдгоров ном касе маърӯза кард. Дар бораи Инқилоби Бухоро маърӯза карду омада-омада, дар охир баногоҳ, аз мавзӯъ баромада гуфт, ки:
-Як вақте шоҳони Эрон Бухороро гирифта буданд.
Бо онҳо ба Бухоро забони форсӣ омад. Баъд забони тоҷикӣ шуд. Забони тоҷикӣ дар дарбор, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё