Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

архиви “политбюро” ҳаст, вай нест намешавад.
Шумо тоҷикҳо бояд ҳамон материалҳоро бардоред.
Масъаларо дубора ба муҳокима гузоред. Масъала ба фоидаи шумо ҳал мешавад.
Ин одам инро ба ман ҳикоя карду гуфт, ки ҳаминро шумоҳо бояд донед. Шумо барин одамҳо ба ҳама ва калонҳои Тоҷикистон хабар диҳед.
Илтимос.
Ман: -Раҳмат.- гуфтам. Хайр, баъд ба калонҳо хабар додем, лекин ҳеҷ натиҷа нашуд. Ин калонҳо, акнун Ғафуров набуданд. Ҳеҷ кас парво накард. Ҳамин хел аз байн чанд сол гузашту баъд ба муносибати ин ҷашни Инқилоби Бухоро, ин воқеа, ин ҳикояҳои ин одам, ин комиссияи Моленков ба ёди ман расид.
Ҷашни 70-умин солгарди Инқилоби Бухоро
соли 1990 баргузор шуд. Пеш аз ин ҷашн дар
Тоҷикистон, дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чанд
мақола чоп шуд. Аз ҷумла мақолаи нури чашмам
Рустамҷон Шукуров ва боз чанд мақолаи дигар, дар
бораи ин, ки Инқилоби Бухоро чандон инқилоб
набуд. Инқилоби Бухоро як таҷовуз буду
ишғолгарӣ буд. Баъд моҳи сентябри соли 1990 як
гурӯҳ аз Тоҷикистон ба ҷашни Инқилоби Бухоро ба
Бухоро даъват шуданд. Баъд ҳамон вақт мо аз
Институти забон ва адабиёт як сессияи солонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё