Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳам нахурданд. Дар охир боз ҳар замон Осимӣ гап мезанад, Икромӣ гап мезанад, ман гап мезанам.
Ҳама айнан чӣ хеле ки дар толор буд, давом кард.
Ба овози баланд. Тамоми ҳамон хонае, ки меҳмонҳо барои хурокхурӣ омада буданд, ҳама мешунаванд.
Баъд дар охир ман гуфтам, ки:

-Дар байни ҳамин меҳмонҳое, ки ин ҷо нишастаем, ягон таърихшинос ҳаст ё не? Як кас гуфт, ки:

-Ман профессори таърих. Дар Институти педагогии шаҳри Бухоро кор мекунам. Ман гуфтам, ки:

-Шумо таърихшинос бошед, ба ман гӯед, ки ҳамин гапе, ки Ёдгоров мегӯяд, ки шоҳони Эрон омаданду ин ҷо забони форсӣ пайдо шуд, ҳеҷ асоси таърихӣ, асоси ҷиддӣ дорад ё не? Вай гуфт, ки:

-Не. Асоси илмӣ надорад.

Аҷаб одами нотарс будааст, ки котиби обком ҳамон ҷо ҳозир, дар пеши ҳамон котиби обком гуфт, ки: “Не гапи вай дурӯғ, нодуруст”. Баъд аз ин ман гуфтам, ки:

-Хайр, набошад, тамом. Ман дигар гап надорам.
Ҳеҷ чиз намегӯям. Баъд хестему боз рафтем барои давоми маҷлис.

пешина
аз 117
навбатӣ