Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Хунук намехуред? О, сард аст!?-исрор карданд ҳамсуҳбатон.

Оқибат домулло Раҳимӣ розӣ шуданд, ки бо
Раҳим Ҳошим ба магазин раванду харид кунанд.
Либоси зимистонӣ бихаранд. Рӯзи дигар аз пагоҳӣ Раҳим Ҳошим бо Раҳимӣ рафтанд. Рафтанд, рӯзи дароз гаштанд ва ҳар ду танҳо бегоҳӣ омаданд.
Аҷиб ин, ки Раҳимӣ боз бо ҳамон либосҳои пештараи худ омаданд. Гуфтем:

-Чӣ шуд?

Раҳим Ҳошим гуфтанд, ки:

-Нашуд. Рафтем, бисёр магазинҳоро дидем, либоси гарму нағз, гуногун буд, ҳеҷ кадомаш ба домулло маъқул нашуд. Ҳамин қадар, ки дидем, оқибат нахаридем. Рӯзи дароз гаштем, аз пой мондем, лекин хариде накардем. Баъд аз ин ба фикрам домулло Маъсумӣ тамоман аз баҳри масъалаи либоси домулло Раҳимӣ баромаданд. Дигар либоси Раҳимиро ислоҳ кардан мумкин нест.

Раҳимӣ чанд гоҳе дар Институти забон ва
адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор карданд. Он вақтҳо,
ки “Фарҳанги забони тоҷикӣ” тартиб дода мешуд
ва таҳрири охирини он идома дошт, чанд гоҳ, хеле
кӯтоҳ, фақат якчанд гоҳ Раҳимӣ кор карданду баъд
эшонро ба дигар ҷойҳо кашиданду ба дигар ҷо
рафтанд. Дигар дар “Фарҳанг”-и мо ширкат
накарданд. Лекин куҷоҳои дигар кор мекарданд,
аммо дар ҳисоби ташкилоти ҳизбии институти мо
буданд. Ҳаққи аъзогии ҳизбро дар институти мо
адо мекарданд. Лекин аксар вақт, бисёр вақтҳо барои адои ҳаққи узвият намеомаданд. Аз куҷое ба ташкилоти партиявии институт як телефон мекарданд, ки:

-Ба ҷои ман бист тин ҳаққи узвият супоред, ман ин моҳ даромаде надоштам. Моҳи оянда боз ҳамин, боз чандин моҳ ҳамин хел давом мекард, ки домулло ё омада бист тин монда мерафтанд ё телефон мекарданд, ки: Худатон бист тин бидиҳед.
Яъне, домулло ҳар вақт китобашон чоп шавад, китоби шеърҳояшон чоп шавад, ҳаққи таълиф мегиранд, ҳаққи заҳмат мегиранд, аммо дигар даромад нест. Як моҳонаи муайяни доимӣ надоштанд. Чанд вақт бе моҳона зиндагӣ мекарданд. Шояд аз чунин сабабҳо бошад, ки хеле хоксорона амал мекарданд.

Боре чун аз Сталин ва парастиши шахсияти ӯ сухан мерафт, Раҳимӣ гуфт:

-Хушомад бо Худо гуфтам, хуш омад...

пешина
аз 117