Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

ҷамъ карда буд, дар институт нест. Раҳимӣ моҳиятан худаш ҷамъоварӣ, худаш тартибдиҳӣ, худаш омода, таҳияи чоп, ҳамаро худаш карда буд.
Бисёри касон намедонистанд инро, ки Раҳимӣ кофта-кофта, дар ба дар рафта, пурсуҷӯ карда, ёфта, ҷамъ намуда буд. Бисёриҳо намедонистанд, ки инҳо дониши худи ӯ, аз захираҳои дониши худи Раҳимӣ аст. Инро мо имрӯз мегӯем. Ба ҳар ҳол китоби Раҳимӣ имрӯз ҳам аҳаммияташро гум накардааст ва мо наметавонем имрӯз баъзе аз он луғатҳоро дар фурӯш пайдо кунем, фақат дар ҳамон ҷо ҳастанду бас. Чанд бор чунин пеш омад, ки калимаро ҷустуҷӯ карда, ҷустуҷӯ карда, наёфта оқибат аз луғати Раҳимӣ, аз Раҳимиёнлуғот мегӯем мо вайро, ёфтам, аммо аз ягон фарҳанги дигар ёфта натавонистам.
Як вақте домулло Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим ва ман Маскав рафтем, барои таҳрири “Фарҳанги забони тоҷикӣ”. Домулло Маъсумӣ депутати Совети Олии Тоҷикистон буданд.
Бинобар ин эшонро дар меҳмонхонаи сафорати Тоҷикистон, дар хонаи люкс ҷой доданд, ки ин иборат аз ду утоқ буд. Як утоқ барои хоб аст, ки он ҷо домулло Маъсумӣ дар он мезистанд ва як утоқи дигар барои нишаст ҳаст, ки столу стулҳои (мизу курсӣ) бисёр дорад, диванҳои хуб дорад. Домулло Раҳим Ҳошим ва ман дар ин утоқи дуюм будем. Як рӯз фаҳмидем, ки домулло Раҳимӣ ҳам дар Маскав будаанд ва дар ҳамон меҳмонхонаи сафорати Тоҷикистон дар як утоқи яккасӣ зиндагӣ мекардаанд.
Раҳимӣ домулло Маъсумиро бисёр ҳурмат мекарданд. Ҳар бегоҳ ба пеши мо меомаданд, ба он хонаи домулло Маъсумӣ, ки мо он ҷо будем ва бегоҳ он ҷо менишастему суҳбат мекардем. Чандин вақт бегоҳҳои мо бо суҳбат, бо суҳбати гуворо мегузашт. Суҳбате, ки он ҷо Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷон Раҳимӣ иштирок мекарда бошанд, албатта бисёр суҳбати хуб аст. Дар куҷоҳо, шояд мазмуни ин суҳбатҳоямонро мухтасар навишта бошам. Оқибат як рӯз домулло Раҳим Ҳошим суханро ба сари ин оварданд, ки фардо домулло Раҳимӣ магазин раванду барои худ либоси мувофиқи зимистони Маскав бихаранд. Палтою телпаку попӯши хуб дошта бошанд. Вагарна домулло Раҳимӣ дар Маскав ҳам бо ҳамон либосе, ки дар Тоҷикистон мегаштанд, гашта буданд. Аммо Раҳимӣ сар нафуровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё