Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
бо суруди "Зиндагӣ охир сарояд, бандагӣ даркор нест" оғоз кунад. Ба гуфтаи Самади Дор-Дор Аҳмад Зоҳир, айнан ҳамин корро мекунад. Ӯ дар ҳузури Ҳафибуллоҳ Амин, ки бо вуҷуди расман нафари дуввуми давлат будан қудрати асосӣ дар дасти ӯ буд, бо таронаи "Зиндагӣ охир сарояд, бандагӣ даркор нест" базми арӯсии духтари ӯро оғоз мекунад:
Зиндагӣ охир сарояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Гар фишори душманон обат кунад, мискин машав,
Мард бош, ай хастадил, шармандагӣ даркор нест.
Бо ҳақорат гар биборад бар сарат бороНИ ДУРР,
Осмонро гӯ: бирав, борандагӣ даркор нест.
Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест.
Бисёре аз дӯстони Аҳмад Зоҳир ва алоқамандони эҷодиёти ӯ бар ин ақидаанд, ки ҳамин лаҳзаи ҳаёти Аҳмад Зоҳир лаҳзаи сарнавиштсозе дар марги ӯ будааст. Аввалан ин ки ӯ бо хоҳиши арӯси раиси амнияти кишвар аз зиндон озод мешавад, ки ин боиси сар задани ҳар гуна овозаҳои иғвобарангез мегардад. Баъзеҳо ҳатто дар бораи муносибати наздик доштани Аҳмад Зоҳир бо духтари Амин гап мезадагӣ шуданд. Профессор Худойназар Асозода дар китоби "Чеҳраҳо" дар ин бора менависад: "Мегӯянд, ки духтари Амин то дараҷае девонаи ҳунару шахсияти Аҳмад Зоҳир шуда, ки хӯроки шомро фақат бо вай медидааст. Табиист, ки чунин рафтор ба шавҳараш Асадуллоҳ Амин, ки он замон раиси кумитаи ба истилоҳ амнияти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё