Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Дар ҳамин маҳфил Аҳмад Зоҳир боз як суруди дигаре бар матни Абулқосими Лоҳутӣ мехонад, ки он низ ҳукуматдоронро ба ташвиш меорад. Як байти онро оғои Бино ба мо хонд:
Ба пеши шайх кушудам китоби озодӣ,
Бараҳнапо сӯи масҷид давиду ҳеҷ нагуфт.
Ба қавли оғои Бино ҳукуматдорон аз ошкоро ба ҷурми сиёсӣ гунаҳкор донистани Аҳмад Зоҳир худдорӣ мекардаанд. Онҳо аз оқибати ин кор метарсидаанд. Метарсидаанд, ки Аҳмад Зоҳир ҷонибдорони зиёд пайдо мекунад. Аз сӯи дигар ба ҷурми одамкушӣ гунаҳкор донистан обрӯю эътибори ӯро дар назди мухлисонаш паст мезадааст. Бино ба гуфтаи оғои Бино, ки худ низ дар ҳамин давра дар ҳамон зиндони Деҳмазанг маҳбасӣ шудааст, Аҳмад Зоҳирро се моҳ дар ин зиндон нигоҳ медоранд. Ва ӯро танҳо вақте озод мекунанд, ки духтари Ҳафизуллоҳ Аминро ба Асадуллоҳ писари амакаш, ки он вақт раиси амнияти миллии кишвар будааст, ба занӣ доданӣ мешаванд ва он духтар мегӯяд, ки ба шарте ба ин издивоҷ розӣ мешавад, ки дар тӯи онҳо "Оста буру"-ро Аҳмад Зоҳир бихонад. Ҳафизуллоҳ Амин ночор ба ин хоҳиши духтараш розӣ мешавад. Аҳмад Зоҳирро аз маҳбас ба тӯй меоранд. Ба қавли Самади Дор-Дор, ки ҳамроҳи Аҳмад Зоҳир дар ин вақт дар зиндон будааст, чун Аҳмад Зоҳир ин хабарро мешунавад, аз Самад маслиҳат мепурсад, ки ба ин тӯй равад ё наравад. Самад маслиҳат медиҳад, ки ба тӯй равад, вале бо ҳамин пираҳантумбон (либоси миллӣ) ва ҳатто ришашро натарошад. Ба ҳозирин бигӯяд, ки ӯ аз маҳбас омадааст ва тӯйро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё