Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
миллиро ба ӯҳда дошт, хуш намеояд ва бешубҳа аз паи қасосгирӣ мешавад".
Баъдан Аҳмад Зоҳир дар оғози ҷашни арӯсӣ суруди инқилобӣ мехонад. Он замон даҳҳо ҳазор ашхоси бегуноҳ зиндонҳои ҳукуматиро пур карда буданд. Инро ҳама медонистанд. Аҳмад Зоҳир шояд ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи ҳукуматдорон ба зиндонҳои моломол аз бегуноҳон ин сурудро хонда бошад, то ки авфи умумие сурат бигирад ва мардуми зиёде ба оғӯши гарми хонаводаҳои худ баргарданд. Аммо ин нияти неки Аҳмад Зоҳирро бадхоҳонаш дар назди Амин ва домоди ӯ дигар хел маънидод карданд. Яъне, "бубинед, Аҳмад Зоҳир дар зиндон ҳам маҳбусонро ба шӯру исён даъват мекунад. Дар зиндон будани ӯ ҳатто хатар дорад. Хоб шуд, ки ӯро бо баҳонаи тӯй аз зиндон баровардад. Дар озодӣ чораи ӯро дидан осонтар аст, нисбат ба он ки дар зиндон бошад". Аз рӯи инсоф ва адолат бояд гуфт, ки дар байни дӯстон ва муҳаққиқони зиндагии Аҳмад Зоҳир нуқтаи назари дигаре дар бораи муносибати Ҳафизуллоҳ Амин ва хонаводаи ӯ бо ин овозхони пуровоза вуҷуд дорад. Аввалан, бо гуфтаи онҳо, дар ин хонадон се нафар яке аз духтарони Амин бо номи Гулгутай, ки баъдан арӯси Асадуллоҳ Амин мешавад, писараш Абдураҳмон ва хоҳарзодаи ӯ Залмай ҳаводорони ашаддии ҳунари Аҳмад Зоҳир буданд. Ин ҳарсе аз Ҳафизуллоҳ Амин борҳо хоҳиш кардаанд, ки нагузорад то Аҳмад Зоҳир аз сӯи мақомоти амниятӣ ва тафтишотӣ таъқиб шавад. Залмай ба атрофиёни Аҳмад Зоҳир боре гуфтааст, ки агар ман дар Кобул набошам, нагузоред, ки Аҳмад Зоҳир беруни шаҳр сафар кунад. Ҳатто як сӯиқасде, ки бо ҷони Аҳмад Зоҳир ҳангоми сафараш ба вилояти Бомиён тарҳрезӣ шуда будааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё