Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Ғуломалӣ Ғуломҳайдаров буд, ки ба он устодони ҳунари мусиқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев ва Абдуллоҳ Назриев ҳамроҳ карда шуданд. Дар ин сафари нахустини худ ҳунармандони тоҷик бо як калом дили аҳли ҳунари Афғонистонро тасхир намуданд. Ӯрун Кӯҳзод дар китоби "Акашариф - Борбади асри XX" менависад, ки "ҳангоме, ки Акашариф суруди "Кӯҳи баҳмани Кобул"-ро сароид, аҳли толор аз ваҷд ба по хеста дуру дароз каф кӯфт. Ва муаллифи шеър Зиё Қоризода ба саҳна баромад ва Акашарифро сахт ба оғӯш кашид:
-Ба ин шеър оҳанг набастаӣ, балки ҷон ато кардаӣ, ҷон, - гуфтааст Зиё Қоризода.
Ба маврид аст, ки дар ҳамин ҷо зикр кунем, ки ин суруди сардафтари ҳунари мусиқии муосири тоҷик Акашариф Ҷӯраевро баъд аз ин нахустнамоиши он дар Кобул даҳҳо овозхонҳои тоҷику афғон дар репертуари худ ҷой доданд. Ҳар боре, ки ҳайатҳои ҳунарии ин ва ё он ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар сафар менамуданд. Суруди "Субҳи Кобул"-ро (ин суруд бо ҳамин ном бештар маъруф аст) ҳатман дар концертҳои худ иҷро мекарданд. Ҳатто муаллифи матни шоири боистеъдод Зиё Қоризода, ки ҳунари овозхонӣ низ дошт ва бо тахаллуси "Кабӯтар" дар байни овозхонҳои афғон машҳур аст, ин сурудро бо як маҳорати хоссае иҷро мекард.
Баъдҳо ҳини ҷашнҳо дар Афғонистон вақте, ки Кобул ба харобозор табдил шуд, овозхонҳои афғон дарбадар шуданд, аксари онҳо дар хориҷ аз кишвар ин таронаро бо ҳасрат мехонданд ва аз Кобули як вақтҳо ободу хуррам ёд мекарданд. Ҳоло ҳам агарчи ин сурудро бисёре аз овозхонҳои афғонӣ мехонанд, вале ба гумон аст, ки касе аз онҳо моли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё