Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

устод Акашариф Ҷӯраев будани оҳанги онро бидонад...

Баъди як муддати муайяне гузаштан аз ин сафари ҳунармандони тоҷик сафари ҷавобии ҳамкасбони онҳо ба Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ҳайати ин гурӯҳи эҷодии ҳунармандони афғонӣ овозхони маъруфи афғонӣ Абдуҷалил Залонд, Ҳафизуллоҳи Хайёл, Юсуф Қосимӣ (фарзанди овозхони машҳур Қосим Афғон), Ношинос, Ҳусейн Ормон, Насим Ормон, Хонум Рухшона, Хонум Жило, Шермуҳаммади Ғазнавӣ, оҳангсози забардаст Салими Сармаст, рубобнавози бемисл Муҳаммад Умар ва дигарон буданд. Ҳунармандону ҳаводорони созу суруд дар Тоҷикистон бори аввал дар таърихи муосири худ бо санъаткорони афғонӣ аз наздик шиносӣ пайдо карданд, ҳунарнамоии онҳоро бевосита дар саҳнаи театру қасрҳои фарҳангии худ диданд. Ин сафар боиси он гардид, ки дар санъати овозхонии миллии тоҷикон таҳаввулоти фараҳбахше ба вуқӯъ бипайвандад. Аз ин ба баъд дар репертуари ҳофизони тоҷик сурудҳое пайдо шуданд, ки онҳоро мухлисони созу наво дар ҳама ҷо хуб мепазируфтанд ва ба тадриҷ ин таронаҳо ба сурудҳои маҳбуби мардум табдил ёфтанд. Сурудҳои "Чашми сиёҳ дорӣ қурбонат шавам", "Имшаб қамар ин ҷост", "Бе ту марг аст, ай парирӯ бар сари мо зиндагӣ", "Оҳиста буру, моҳи ман оҳиста буру", "Эй сорбон оҳиста рон к-ороми ҷонам меравад" ва ғайра аз ҷумлаи он таронаҳоеанд, ки на як наслу ду насли овозхонҳои тоҷик онҳоро сурудааст.

пешина
аз 338
навбатӣ