Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

III. "ТОҶИКИСТОН - КИШВАРЕ,
КИ ДӮСТАШ ДОРАМ"

"ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОН, К-ОРОМИ
ҶОНАМ МЕРАВАД"

Аз рӯи шоҳидии афроде, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд, ӯ Тоҷикистонро хеле зиёд дӯст медошт. Бисёр мехост, ки боре ҳам бошад аз ин кишвари барояш афсонавӣ дидан кунад. Олим ва овозхони маъруф Ҷӯрабек Назриев ба мо нақл кард, ки ҳангоми шиносӣ чун Аҳмад Зоҳир фаҳмид, ки аз Тоҷикистон ҳастам, бо як ҳаяҷони фавқулодда хитоб намуд: "Оҳ, аз Тоҷикистонӣ, аз кишваре, ки хеле зиёд дӯсташ дорам!".

Бале, ӯ Тоҷикистонро хеле зиёд дӯст медошт. Дар Тоҷикистон низ ӯро самимона дӯст медоштанд ва ҳоло ҳам дӯст медоранд. Ин меҳру муҳаббати тарафайн чӣ гуна ба вуқӯъ пайваст?

Барои ба ин суол посух гуфтан Шуморо, хонандагони азиз, муддате ба сайри таърихи муносибатҳои фарҳангии байни Тоҷикистону Афғонистон, ба хусус ҳунармандони ҳунари мусиқӣ мебарам.

Моҳи августи соли 1958 аввалин маротиба дар таърихи робитаҳои фарҳангии миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон гурӯҳи ҳунарие аз Тоҷикистон ба Афғонистон
сафар намуд. Ин гурӯҳи ҳунарӣ иборат аз ансамбли тарона ва рақси Помир таҳти роҳбарии Артисти халқии СССР

пешина
аз 338
навбатӣ