Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
номгӯйи алоҳидаи маҳсулотро мебароранд, ин сохторро «сохтори маҳсулот» низ мемонанд.
Инчунин сохторҳои нави корхона пайдо мешаванд, ки «сохтори навин»
номида мешаванд ва дар ин сохторҳо шӯъбаҳои махсуси корҳои тадқиқотӣ барои аз худ намудан ва истеҳсоли намудҳои нави мол ва хизматрасонӣ истифода бурда мешавад. Барои хубтар ва пурратар омӯхтани талаботу таклифоти бозор як қатор шӯъбаҳои маркетингӣ дар корхонаҳо ташкил карда шудааст, ки фаъолияти онҳо пурра ба бозори моли алоҳида равона карда шудааст. Ин шӯъбаҳо мустақил буда, мақоми тадқиқот ва пешгӯи ақидаҳои навро боло бардошта, ба пешрафти кори корхона дар шароити суръати баланди тағйирёбии муҳити берунаи корхона мақоми арзанда дорад.
Аммо чунин як сохтори уфуқии ташкили корхонаҳо, ҷараёни ҳукмронии амудиро суст мекунад, ҷараёни назорати менеҷмент коста гашта, шӯъбаҳои такроршаванда ва халалрасонии идоравӣ ба миён меоянд, ки аз зери назорати менеҷменти марказонидашуда дур мемонанд.
Ҳамин тариқ, сохтори функсионалӣ ва тақсимотии ташкилотҳоро дар баробари инкишофи талаботи замонавӣ мувофиқ мегардонанд.
Дар дохили ин сохторҳо боз сохторҳои нав пайдо мешаванд, ки бо мақсади иҷрои ягон вазифа, ё худ мақсади алоҳида равона карда шудаанд.
Дар солҳои 70-80-уми асри ХХ сохторҳои нави ташкилотҳо пайдо шудаанд, ки онҳо вобаста аз мақсад ва вазифаҳои дар пеш истода амал карда, баробари ба охир расидани он, аз байн мераванд.
Имрӯзҳо корхонаҳои калон ду шакли сохтори лоиҳавӣ ва матрисавиро истифода мекунанд:
Сохтори лоиҳавӣ сохтори муваққатӣ мебошад, ки барои иҷрои ягон вазифаи мушаххас, тадқиқоти лоиҳаи нав ё ин, ки беҳтар кардани сохтори корхона ва ғайраҳо мебошанд.
Мақсади асосии ташкили чунин сохтор ин пайдо кардани имконоти автономияи мақсад, вазифаҳо ва мувофиқ кунонидани он ба муҳити тағйирёбандаи беруна ва дохилаи ташкилот мебошад.
Аъзоёни чунин гурӯҳҳои лоиҳавӣ ва роҳбарии он аз худи ташкилот ҷалб
карда мешаванд ва дар асоси сметаи ҷудокардашудаи воситаҳо ва муҳлати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё