Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Чунин як сохтори ташкилӣ қариб дар ҳамаи ташкилотҳо, муассисаҳо, ширкатҳо ва иттиҳодияҳои тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад. Тарафи мусбии чунин сохтори ташкилотҳо пеш аз ҳама дар он мебошад, ки самаранокии баланди корӣ таъмин карда шуда, ҳар як коргар кори худашро медонад:
❖ коргари оддӣ — таҷҳизот ва воситаи истеҳсолот;
❖ бухгалтер — шаклу тарзи ҳисобдонӣ ва гардиши воситаҳои корхона;
❖ муҳандис — сохтори истеҳсолии корхона ва ғ.

Солҳои охир дар баробари инкишофи ҷамъият, инкишофи менеҷмент сохтори функционалии ташкилотҳо ба талаботҳо ҷавобгӯ нестанд. Асосан чунин норасогиҳо мушоҳида мешаванд:
❖ дастурамал, ё низомномае, ки каме пештар тартиб дода шудааст, ба талаботи имрӯзаи корӣ мувофиқат намекунад. Барои дигар кардани қоидаҳо, дастурамалҳо вақти зиёде мегузарад, ки дар натиҷаи на коргар, балки корхона аз рушди илму техника қафо мемонад;
❖ инкишофи технологии системавӣ сохтори ташкилотҳо, меъёру стандартҳои нави хароҷоти захираҳоро талаб карда, талабот ба шаклҳои пешинаи истеҳсоли мол, иҷрои кор аз байн меравад;
❖ бахшҳои классикӣ, функционалӣ ва мавҷудаи ташкилотҳо, чӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва чӣ дар соҳаи ғайриистеҳсолии илм, маориф, тандурустӣ ва варзишу туризм талаботи рӯзафзуни соҳаҳоро таъмин карда наметавонанд;
❖ доимият ва карахтии сохтори функционалии ташкилотҳо боиси қатъшавии инкишофи корхона мегардад. Махсусан дар ҳазорсолаи нав, асри XXI, ки ҳазорсолаи инкишофи ахборӣ ва глобализатсияи иқтисодӣ мебошад, омили «вақт» нишонагирии асосии иҷрои кор ва вазифа мебошад.

Бинобар ин дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ва инкишофи босуръати илму техника ва технологияи истеҳсолӣ аксари корхонаҳои калони байналхалқӣ, иттиҳодияҳо сохтори нав яъне сохтори дивизионалиро пеш гирифтаанд.

Сохтори дивизионалии ташкилот (divisio - лотинӣ буда, маънояш «тақсимот» мебошад) акнун аз рӯи қоидаи «истеҳсолот - таъминот - молния» амал накарда, сохтори молиро ба худ мегирад. Яъне дар корхонаҳои калони истеҳсолӣ шӯъбаҳои махсусгардонидашудае пайдо мешаванд, ки намуд, ё

пешина
аз 512
навбатӣ