Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муайянкардашуда амал мекунанд. Баъди тамоман шудани мӯҳлат гурӯҳ бояд корро ба органҳои идоракунии корхона супоранд ва ба ҷои пешинаи кории худ баргарданд.

Гурӯҳҳои лоиҳавӣ метавонанд дар ҳайати ташкилот ҳамчун сохтори алоҳидаи доимоамалкунанда вуҷуд дошта, вобаста ба лоиҳаи пайдошуда ва дархосту пешниҳодҳо боз кору мақсади нав пайдо мешавад.

Камбудии ин сохтор дар он мебошад, ки аксар маврид шахсони алоҳида аз мустақилияти ин шӯъба истифода карда, хароҷоти зиёди воситаҳои пулию молӣ, инчунин аз пешравии илму техника каме пас мемонанд. Бинобар ин дар солҳои охир системаи нави сохторӣ, ки «сохтори матритсавии ташкилот» ном гирифтааст, хеле қулай мебошад. Вобаста баҳамоии вазифаҳо дар системаи нави ахборӣ ва маҷроҳои зиёди коммуникатсионӣ, гурӯҳи тадқиқотчиён, ё ин ки роҳбарони маҳсулотҳои алоҳида якҷоя ин сохторро ташкил мекунанд. Роҳбарони лоиҳаи матритсавӣ пурра барои кори тадқиқотию илмӣ ва истифодаи захираҳои молӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Дар ин сохтори ташкилии корхона баъзе камбудию норасогии сохтори идоравии корхона, пайдарпайии идоравӣ, дуҳокимиятӣ пайдо мешавад, ки дар баъзе мавридҳо бо зарари кор мебошанд.

Лекин он сохторҳое, ки мо дар боло номбар намудем, сохтори пурра ва охирони ташкилотҳо набуда, онҳо доимо ташаккул ва инкишоф меёбанд. Вобаста аз талаботу таклифоти инкишофи ҷамъиятӣ сохторҳо инкишоф ёфта метавонанд, агар ба талаботҳои зерини сохторӣ ҷавобгӯ бошад:

  1. Сохтори мувозинатие, ки доимияти байни роҳбарон ва иҷрокунандагон, пайдарпайии идоравӣ ва функцияи уфуқӣ, миқдор, сифати техника ва ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда, байни имконоти молиявӣ ва музди меҳнатро нигоҳ медорад.

  2. Сохтори ташкилӣ ба замона ҷавобгӯ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноқ буда, аз навигариҳои илму техника истифода карда тавонад.

  3. Ба муҳофизати меҳнат ва беҳтаршавии шароити меҳнат, муҳити атроф, муҳофизати саломатии коргарон, истифодаи технологияи нави кампартов ва бепартов нигаронида шуда бошад.

пешина
аз 512
навбатӣ