Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рақибон, ҳамкорон, воситаҳои ахбори умум, дараҷаи техникӣ ва технологӣ, урфу одат ва маданияти мардум, муҳити географӣ, табиӣ ва амсоли инро фаро мегирад.

Муҳити дохилаи ташкилот миссия, мақсад, вазифа, ҳайат, сохтори техникӣ ва идоракунӣ, истеҳсолот, системаи ахборӣ ва ғайраро меноманд.

Ҳаҷми фаъолияти идорӣ аз сохтор, мазмун ва доираи вазифаҳои ташкилот вобаста мебошад ва вобаста аз ин унсурҳои идоракунӣ бо тарзи зайл сурат мегирад:

дар ҳолати маҳдуд будани вазифаҳо ташкилотро метавонад як нафар идора намояд;

ҳангоми васеъ будани доираи фаъолият ташкилот маҷбур аст, ки боз як коргари штатии идоракунӣ — менеҷерро ба кор қабул намояд;

ҳангоми пурра васеъ гаштани фаъолияти ташкилот ва вазифаҳои он аллакай ташкили сохтории қисмҳои истеҳсолии он, пайдарпании идоракунӣ, бояд ташкил карда шавад, ки як системаи касбии идоракуниро ташкил медиҳад ва номашро дар илм менеҷмент мегӯянд.

Дар вақти ташкили сохтории идоракунӣ бояд як қатор чорабиниҳои ташкилию идорӣ гузаронида шавад, то қисме аз фаъолият бе назорат намонад ва дар қисми дигари корхона ду ҳокимиятӣ набувад. Бинобар ин ташкили сохтории корхона бояд давран балоиҳагирии сохтори ташкилиро гузарад, ки аз унсурҳои зерини тавсифий ташкилот вобаста мебошад:

Ҳамин тариқ, мо тавсифи ташкилотро аз рӯи 16 нишондиҳанда, ки дар расми 1 ҷудо шудааст, дида мебароем:

  1. Хислати фаъолият — ташкилотҳо ҷамъиятӣ ва хоҷагидорӣ мешаванд.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ иттиҳоди ихтиёрии одамоне мебошанд, ки бо мақсади таъмин намудани талаботи сиёсӣ, ё маънавии худ ташкил карда мешаванд. Инҳо ташкилотҳои ҳизбию сиёсӣ, иттифоқи касаба, иттифоқи эҷодӣ ва ғайра мебошанд.

Ташкилотҳои хоҷагидорӣ бо мақсади таъминоти талаботи моддӣ ва иҷтимоии одамон ва гирифтани фоидаи соҳибкорӣ ташкил карда мешавад.

Ин гуна ташкилотҳо асосан корхонаҳо ва иттиҳодияҳо мебошанд.

пешина
аз 512
навбатӣ