Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
. ТАВСИФИ ТАШКИЛОТ
Хусусияти
фаъолият
Доираи
фаъолият
Соҳаи
фаъолият
Муносибат
ба ҳукумат
Муносибат
ба давлат
Дараҷаи
мустақилият
Шакли
моликият
Шакли ташкили ҳуқуқӣ
Мавҷудияти
шахси ҳуқуқӣ
Миқдори
коргарон
Мӯҳлати
фаъолият
Муносибат
ба тиҷорат
Дараҷаи
қонунӣ будан
Муносибат
ба буҷет
Сохтори
ташкилӣ
Сохтори
идоравӣ
Расми 1. Тавсифи умумии ташкилот.
-
Фаъолияти ташкилотҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, ҳарбӣ ва ғ. ҳ. сурат мегирад. Дар соҳаи иқтисодиёт корхонаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз қабили хоҷагии қишлоқ, саноат, бонк, биржа, энергетика ва ғ. ҳ.
сурат мегирад. Дар соҳаи сиёсат бошад, корхонаҳои идоравии маҳаллӣ ва давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқи касаба ва ғайраҳо фаъолият мекунанд. Дар соҳаи иҷтимоӣ бошад, корхона ва идораҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва туризм, маданият ва санъат, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекунанд. -
Вобаста аз соҳаи фаъолият ба самтҳои саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, ташкилоти тиҷоратӣ, бонк ва биржа ҷудо карда мешавад.
-
Вобаста аз муносибат ба ҳукумат ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё