Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
19.1. Мафҳуми ташкилот ва сохтори он.
Ташкилот - гурӯҳи муташаккил ва муназзами одамонест, ки бо як мақсади умумӣ муттаҳид шудаанд. Чунин мақсад дар менеҷмент гирифтани фоида ва ҳалли вазифаҳои оинномавии ташкилот мебошад.
Аз тарафи дигар ташкилот гуфта, ин корхона, идора, муассиса ва иттиҳодияҳоро меноманд, ки баланси мустақил дошта, соҳиби оиннома, ному нишон, суроға буда ва дар яке аз мақомоти давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳар як корхона тавсифномаи худро аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин доро мебошад:
- мақсад ва вазифаҳои асосӣ;
- сохтори умумӣ;
- тақсимоти функцияҳои сохторӣ;
- захираҳои истифодашаванда;
- муҳити дохилӣ ва беруна;
- системаи идоракунӣ;
- доираи фаъолияти идоракунӣ.
Мақсади ташкилот - гирифтани фоида барои ташкилотҳои тиҷоратӣ, барои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ин иҷрои мақсадҳои оинномавӣ мебошад.
Вазифаҳои ташкилот - маҷмӯи фаъолиятҳое мебошад, ки барои ба мақсад расидан иҷро карда мешаванд. Вобаста ба мақсад ва вазифаҳо сохтори ташкилии корхонаро муайян месозанд.
Фаъолияти ташкилот - истифодабарии захираҳои зерин мебошад.
- Захираҳои меҳнатӣ - қобилияти ақлонӣ ва физиологии одамон.
- Захираҳои идораӣ - қобилияти истифодабарии оқилонаи захираҳо ва ташкили кор.
- Захираҳои табиӣ - замин, захираҳои обӣ, канданиҳои фоиданок.
- Захираҳои капиталӣ - захираҳои моддӣ ва моликияти зеҳнӣ.
Дар ҷараёни фаъолияти кории ташкилот, коркард ва истифодаи захираҳо, мавод, қувва ва ахбор бо мақсади корӣ истифода карда мешаванд.
Муҳити берунаи ташкилот иқтисодиёти мамлакат, маҷмӯи талабот ва сохтори бозор, қонунҳо, органҳои ҳукуматӣ, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё