Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ҷамъ умеду орзуро ташкил мекунанд. Таҷрибаи ҷаҳониён нишон медиҳад, ки муваффақиятҳо ба одам қаноатмандӣ оварда, нобарориҳо одамро рӯҳафтода намуда, ба нокомӣ мебарад;

❖ муваффақияти олӣ, ин рӯҳафтода нашудани одамон мебошад.

Стратегияи идоракуниро аз нигоҳи Искандари Мақдунӣ чунин муайян кардан мумкин аст:

  1. Арзишҳои қимматнок ва идеалии итоаткунандагонатонро муайян намоед ва аниқ созед.

  2. Бо таври айёнӣ рафтори намунавиро нишон диҳед, яъне меъёри рафтори шахсиятро ба миён гузоред.

  3. Ба хулқу атвори зердастони худ доимо назорат кунед.

  4. Худэҳтиромии ҳар як зердастро мустаҳкам намоед.

  5. Муваффақияти зердастонро ба иду тантанаи коллектив табдил диҳед.

  6. Зердастони Шумо бояд аз натиҷаи кори худашон фахр кунанд.

  7. Ба зердастони худ имкон диҳед, ки орзу кунанд.

  8. Ба зердастони худ имкони пурраи худро нишон доданро дар кор ва дар муомила ба ҳамкорон муҳайё созед.

  9. Андешаи амиқи ҳалли масъала дар ҳама ҳолатҳо

Ганнибал (247-18 то солшумории мо) — сабаби он гаштааст, ки румиҳо, баъди садсолаҳо, ҳар навбати ба Итолиё ҳуҷум кардани душманон аз тарс дод зада мегуфтанд, ки "Hannibal ante portas" (Ганнибал дар пушти дарвоза). Хислати асосии Ганнибал ин меъёри баланди рафтори шахсӣ мебошад, маҳз бо ҳамин сабаб вай дар синни 26-солагӣ сарфармондеҳи армияи корфагенӣ интихоб гаштааст. Қувваи таъсири вай ва асрори эҳтироме, ки соҳиб гаштааст, дар он мебошад, ки ӯ доимо ғамхори сипоҳиёни худ буд. Ганнибал тамоми қобилияти ҷанговарии худро истифода мекард, ки душманро бо талафоти кам мағлуб намояд. Дар натиҷа мотивасияи хубе барои армия пайдо гашт - муносибатҳои мушаххас, боваринокии шахсӣ ва алоқаҳо. Бинобар ин, таърихнависон нишон медиҳанд, ки Ганнибал худро ҳамчун одами гениалии мотивасия нишон додааст.

пешина
аз 512
навбатӣ