Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ташкили стратегияи рафтори шахси намунавӣ ва худро «сохтан»

Искандари Мақдунӣ (356-323 то солшумории мо) аз дигар ҷанговарони бузург (Ганнибал, Сезар ва Наполеон) бо он фарқ мекард, ки дар фаъолияти вай натиҷагирӣ моҳияти дуюмдараҷа дошта, дар навбати аввал эҷодкорӣ меистод. Дар муддати умри кӯтоҳи 32-солаи худ ва фаъолияти 12-солаи ҳарбӣ вай барои ҳавасмандии ҷараёни инкишофи қобилияти худ, ғайр аз хоҳиши ҷанг кардан, дигар сабабро дар фаъолияти худ надида буд. Аз 13-солагӣ ба омӯзиш ва ташаккули дониш ва ҳунари ӯ Арасту машғул буд. Баъдтар худи Искандар тасдиқ мекунад, ки агар ӯ ба падари худ шоҳи Македон Филипп ҷон доданро вазифаи худ шуморад, ба Арасту бояд мазмуни ҷони худро диҳад. Дар давоми умри кӯтоҳи худ Искандар доимо машқи бадан карда, илова бар ин илмҳои сиёсатшиносӣ, давлатдорӣ, ҳикматшиносиро омӯхта, тайёрии худро то дараҷаи олӣ расонид, ки дар натиҷа қобилияти таҳлили эҷодӣ ва қабули қарори мақсаднокро пайдо намуд.

Дар роҳгардӣ аз байни биёбон Искандар чунин сифатҳои пешвоиро нишон дод, ки ӯро номдор намуданд:
қобилияти дар мисоли рафтори худ ба ҷанговарони худ қувваи мотивватсионии пурӯзиба пайдо карданро нишон додан. Рафтораш гувоҳи он аст, ки аз ҳеҷ кас зиёд талаб намекунад, чуноне, ки аз худаш;
яке аз муваффақиятҳои дигар дар ташкили стратегияи сеқисмаи мубориза он буд, ки аз ҷанг 15-ҳазор лашкар зинда баромада, 40 ҳазор кушта шуданд.

Баъди чунин муборизаи шадид Искандар, бо мақсади он, ки армияашро аз мондагии ҷисмонӣ ва маънавӣ барорад ва ба атрофиён нишон додани хислатҳои қудрати маънавӣ ва ҷисмонии армияи худ, як ҳафта иди бе яроқ эълон мекунад. Дар ин давра армияи вай дар байни мардум бе яроқ мегаштанд.

Аз нигоҳи менеҷменти замонавӣ захираҳои инсонӣ дар таърихи сипаҳсолории Искандари Мақдунӣ стратегияи муваффақият буда, мотивацияи роҳи ташаккули масъалагузории дуруст мебошад:

ҳар як одам, ки барои муваффақиятҳои баланд ба даст овардан ҳаракат мекунад, бояд донад, ки мақоми асосиро дар ин ҷараён тайёр будани худи вай, қувваи ақлонӣ, фикрронӣ ва эҳсосоти он мебозад. Ин унсурҳо дар

пешина
аз 512
навбатӣ