Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
муваффақиятҳо ин мотивация бо истифодаи қоидаҳои баробарӣ мебошад, ки аз якчанд хислатҳо иборат аст:
❖ ҳолати «ҳама, ё ҳеҷ чиз» пеш аз дигарон васеъ намудани сарҳади арзишҳои шахсӣ ва равона кардани одамон барои нурои мақсадҳо;
❖ маҷбур сохтан барои ноил гаштан ба муваффақиятҳои олӣ, дар асоси ҳолатҳои бамиёномада ва нишонагирии шахсӣ;
❖ иҷро кардани он чизе, ки имкон дорад, шакли олии зоҳир кардани худ мебошад;
❖ ҳимояи инфиродии худӣ, аз ҳарчи қувваи бузург озод менамояд;
❖ ҳаракате, ки эҳсосотро пайдо карда, нисбати сухан диққатро хубтар ҷалб мекунад;
❖ дар гурӯҳ одами алоҳида тез «мавқеъ»-и худро васеъ менамояд;
❖ ҳар як мақсад бояд боварии ба он расиданро дошта бошад;
❖ боварӣ ба нуқтаи назари пешво.
Мутахассисони бахши менеҷмент стратегияи пешвоиро аз рӯи концепсияи «Фемистокл» хеле самаранок пешниҳод намудаанд, ки дар замони муосир чунин шакл гирифтааст:
- Ақидаҳои навро дар ҳолати ояндабиниҳо ва мақсадҳои асоснок пешниҳод кардан зарур мебошад.
- Мақсаднок мебуд, ки ҳолати пешво будани худро дар навоварӣ исбот намоед.
- Зарур аст, ки доимо иштироки коргарони худро дар маданияти тиҷорат худ ва ширкати худ таъмин намоед.
- Аз худ ва коргарони худ талаботҳои олии расидан ба муваффақиятҳоро талаб намоед ва доимо ин ҷараёнро мотивация кунед.
- Мотивацияро бо воситаи ҳаракати доимӣ ҷорӣ намоед.
- Дар гурӯҳ бояд, ки қоидаи баробарӣ вуҷуд дошта бошад.
- Менеҷер-пешво бояд, ки қобилияти қабули қарор дошта, масъулиятро ба зиммаи худ гирад.
- Доимо ҳисси муқобилиятро ҷиддӣ қабул намоед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё