Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Стратегияи рафтори шахсии намунавӣ ва худро «барпо» сохтан (Искандари Мақдунӣ).
-
Андешаи амиқи ҳалли масъала дар ҳама ҳолатҳо (Ганнибал).
-
Талаботи «худро пеш гузоштан» Юлий II.
-
Мутамарказ намудани диққати худ ба тарафҳои пурқуввати шахсии коргарони худ (Мария Тереза).
-
Мотивация бо воситаи маданият: пешниҳодҳои арзишнок, символҳо ва ишораҳо (Фридрихи Бузург).
-
Ба муваффақиятҳои калон ноил шудан бо роҳи гуфтугӯ ва ҳавасмандӣ (Адмирал Нелсон).
-
Мотивация бо роҳи аҳсаргузаронӣ ва иҷрокунӣ, пешбинӣ (Маҳатма Гандӣ).
-
Рафтори одилона дар фаъолияти ҳаррӯза. (Анушервони Одил).
-
Андешаи хирадмандона ва рафтори сулҳҷӯёнаи Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баъзе хислатҳои дар боло номбаршударо чунин шарҳ додан мумкин аст:
- Ташкили стратегияи ҳиссии гурӯҳӣ дар асоси қоидаи баробарӣ
Фемистокл (526-460 то солшумори мо), ҷанговари қушунҳои хушкигард, бо юнониҳо зарурияти сохтмони миқдори зиёди киштиҳои белдорро барои ҳимояи Юнон асоснок намуд. Киштиҳои белдори юнонӣ на фақат Юнонро аз ҷанг наҷот доданд, балки дар байни юнониҳо қоидаи ягонагӣ, яъне ҳурмату эҳтироми якдигар дар ҳуқуқ ва арзишҳои умумиро пайдо сохт, ақидаи ягонаи юнониҳо чунин аст: «Мо, шаҳрвандони Афина ва қарзи умумии мо - наҷот додани фарзандон, занҳо, шаҳру давлати худ ва озодии худ»-ро ҷорӣ намудан, мебошад. Ба ҳамин мақсад онҳо, тамоми мардҳоро новобаста аз вазифа (моҳигир, тоҷир, деҳқон ва вазъи иҷтимоӣ бой, ё камбағал) дар назди бели киштӣ шинонда, ҳама бо як назм бояд онро ба ҳаракат оварданд. Маҳз дар чунин шароити қатъӣ бо мақсади ягонаи тамоми ҷамъият демократияи ҳақиқии Юнон таваллуд ёфтааст. Дар асоси омӯзиши менеҷменти замонавӣ ва идораӣ ҳайат хулосаҳои зайл баровардан мумкин аст: Асоси самаранокии стратегияи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё