Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пешвой мувофиқи нуқтаи назари «одамони бузург» бояд дорои чор гурӯҳи сифатҳои зерин бошанд:

  1. Қобилияти идоракунии диққат, яъне пешво бояд доимо мақсадҳои зарурӣ ва равандҳои асосии ҳаракатро нишон дода тавонад.
  2. Қобилияти идоракунии моҳиятҳои мақсадҳо, ки ба ҳамаи пайравони худ фаҳмо бошад.
  3. Қобилияти идоракунии боварӣ, дар шакли қобилияти боварӣ гирифтан аз ҳамфикрони худ.
  4. Қобилияти идоракунии худ ҳолатро пешгӯӣ намудан ва чолокона истифода кардани тарафҳои боқувват ва беқуввати ҳайати худ, бо назардошти рӯҳию ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва дигар сифатҳои шахсӣ, ки хислати идорашаванда ва идоранашаванда доранд.

Аз он ҷумла, барои ибрози мақсад Алтманн Г.Х. дар китоби худ гуфтаи Генри Минсбергиро дар хусуси пешвоён ба таври мисол меорад:

«Дар давоми тадқиқотҳоям маро як чиз ба ҳаяҷон овард, ки роҳбарони бузург-пешвоёни замони ҳозира аз бузургон, пешвоёне, ки садсолаҳо, ҳатто ҳазорсолаҳо пеш аз онҳо фаъолият доштанд, аслан фарқе надоранд».

18.5. Асосҳои стратегии ташкили тайёр кардани пешвоён

Алтманн Г.Х. бо боварӣ иброз медорад, ки стратегияи замони нав дар соҳаи алоқамандии байни одамон, захираҳои инсонӣ, ҳанӯз дар замони худ аз тарафи Фемистокл, Искандари Мақдунӣ, Ганнибал, баъдан дар асрҳои миёна аз ҷониби Падари (Папа) Юлий II, Мария Тереза, Фридрихи Бузург, Адмирал Нелсон, Анушервони Одил кор карда баромада шудаанд, ки такмили ин коркард дар замони мо низ идома дорад. Пешвои халқи Тоҷикистон дар асри XXI, Президенти мамлакат Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов бо як қатор хислатҳои хоси худ мақоми арзанда доранд.

Аслан чунин хислатҳои пешвоёнро ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Стратегияи ҳунарии ташкили ҳисси гурӯҳӣ дар асоси қоидаи баробарӣ (Фемистокл).
пешина
аз 512
навбатӣ