Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Стратегияи муваффақиятҳо: моҳият бо ёрии «ҳусн ва таъсири сухан». Мутахассисони замони ҳозира дар соҳаи менеҷмент сабабҳои қувваи моҳиятноки Ганнибалро ба аскарони худ таҳлил намуда, чунин хулоса баровардаанд:

❖ ҳолатро дар фаъолияти айёнӣ нишон додан нисбат ба сухани хушку холӣ, аз ҳама қувваи моҳиятноки зиёд мегирад;

❖ бартарияти маънавӣ — асоси бартарияти рӯҳӣ;

❖ кори калон — мукофоти калонро талаб мекунад;

❖ ягон чиз ҳисси арзишҳои шахсиро мустаҳкам карда наметавонад, нисбат ба ёдоварии муваффақиятҳои гузашта ва хизматҳо;

❖ ҷавобгарии шахсӣ дар ҳолате имкон пайдо мекунад, ки агар алоқаҳои шахсӣ мавҷуд бошанд;

❖ шакли олии боварикунонӣ, ин боварии қатъӣ ба кори худ;

❖ қувваи зиёди моҳиятноки ҳавасмандӣ дар вақти фаъолият якҷоя ба вуҷуд меоянд, яъне дар давраи роҳбарии пурсамари кор;

❖ қувваи моҳиятнок дар ҳолати ваъдаи боваринок ба вуҷуд меояд;

❖ марзи сифатҳои шахсии пешвоии роҳбарро қобилияти идоракунӣ ва моҳиятнокии он ташкил мекунанд.

Ташкили стратегияи идоракунии Ганнибалро чунин пешниҳод намудан мумкин аст:

  1. Пеш аз он, ки ба ҳалли ягон масъалаи мураккаб ва калон оғоз намоед, ба коргарони худ имкони қабули «қарори гузошташударо» диҳед.

  2. Ин чунин мазмун дорад, ки коргарон бояд вақт ва имкони фикр карданро дошта бошанд, вобаста аз манфиате, ки аз ин кор ба даст меояд, «ҳа», ё «не»-и худро гуфта тавонад.

  3. Коргарони худро дониста гиред.

  4. Доир ба тақдири шахсии ҳар як коргаронатон андеша кунед.

  5. Менеҷер бояд пуртоқатиро ёд гирад.

  6. Зарур аст, ки роҳбар барои коргарони худ дастрасу кушода бошад.

Дар ин ҷода Низомулмулк қайд мекунад: «Андар корҳо шитобзадагӣ набояд кардан. Ва чун хабаре шунавад, ё сирате бандад, андар он оҳистагӣ бояд

пешина
аз 512
навбатӣ