Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

имконият медиҳад, ки бе хароҷоти зиёдатӣ дараҷаи зиндагонии ҳазорҳо мардумони камбизоат ва бе ҷои корро хуб намоем ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро ҳал кунем.

  1. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ сифати хуби истеҳсолии худро дар корхонаҳои хурд ба даст меоранд. Дар Тоҷикистон аллакай дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти полизӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ мисолҳои зиёд овардан мумкин мебошад.

  2. Корхонаҳои хурд имконоти истифодаи таҷҳизоти хурди саноатӣ, ки барои ҷойҳои кам ва коргарони ками дониши баланддошта, ҳисоб карда шудаанд доранд.

  3. Самаранокии корхонаҳои хурд дар маҳсулоти матбаавӣ ва зеҳнӣ, инчунин дар соҳаи ихтироотҳо бештар аён мешавад.

  4. Корхонаҳои хурд нисбат ба корхонаҳои калон аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор буда, худро тез ба шароити бозор мутобиқ мегардонанд.

  5. Корхонаҳои хурд дар таваккали соҳибкорӣ аксари мавридҳо бурд мекунанд, бинобар ин онҳо яке аз сарчашмаҳои кашфиётҳои илмию техникӣ мебошанд.

Таҷрибаи мамолики хориҷӣ самаранокии баланди корхонаҳои хурдро нишон медиҳад. Мисол, давлати тараққикардаи Ҷопон аз рӯи дараҷаи тараққиёти иқтисоди хурд баъди ШМА дар ҷои дуюм меистад. Ба души корхонаҳои хурд зиёда аз 55% савдои маҳсулоти саноатӣ, 60% савдои яклухт ва зиёда аз 80% савдои чакана рост меояд. Дар Итолиё корхонаҳои хурди дорои камтар аз 200 коргар қариб 80 фоизи корхонаҳои амалкунандаро ташкил медиҳанд.

Дар ШМА зиёда аз 10 млн. дар Ҳиндустон 12 млн., корхонаҳои хурд амал мекунанд, дар Маҷористон бошад бештар аз 200 ҳазор корхонаҳои хурд ба қайд гирифта шудаанд. Дар ИДМ шумораи онҳо ниҳоят кам мебошад. Дар мамлакатҳо, ки иқтисодашон суст аст, соҳибкории майда роҳи самараноки ҳалли масоили бекорӣ ва зиёд кардани истеҳсолоти молии маҳаллӣ мебошад.

Корхонаи хурд шакли махсус ва нави объекти хоҷагидорӣ нест. Корхонаи хурд корхонаҳоеанд, ки ба ҳар гуна шакли моликият асос ёфта, аз дигар корхонаҳо фақат бо он фарқ мекунанд, ки андозаашон хурд аст. Аломатҳое, ки корхонаи хурдро аз дигар корхонаҳо фарқ мекунонад, шумораи коркунон ва ҳаҷми гардиши моли онҳо мебошанд.

пешина
аз 512
навбатӣ