Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

19.5. Корхонаҳои хурд ва корхонаҳои муштарак

а) Корхонаи хурд корхонарои тиҷоратие мебошад, ки миқдори миёнаи солонаи коргаронашон чунин бошанд:
❖ дар саноат, сохтмон ва нақлиёт аз 3 то 200 нафар;
❖ дар хоҷагии қишлоқ ва соҳаи илмию техникӣ аз 3 то 100 нафар;
❖ дар савдои чакана ва хизмати маошӣ аз 3 то 15 нафар;
❖ дар савдои яклухт ва дигар хизматҳо аз 3 то 50 нафар.
Миқдори коргарон аз рӯи ҳамаи он коргароне, ки дар корхона кор мекунанд, муайян карда мешаванд. Новобаста ба он, ки вай доимӣ, ё муваққатӣ мебошад.

Корхонаҳои хурд метавонанд, ки дар тамоми шаклҳои моликият вуҷуд дошта бошанд, инчунин тамоми он фаъолият ва мақсадро пеш гузоранд, ки ба қонун мухолиф намебошад.

Дар фонди оинномавии корхонаҳои хурд ҳиссаи моликияти давлатӣ ва ташкилотҳои динӣ набояд аз 25% зиёд бошад. Инчунин ҳиссаи ҳар як саҳмгузоре, ки субъекти корхона нест, низ аз 25% бояд зиёд набошад.

Корхонаҳои хурд ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта мешаванд. Соҳибкории хурд гуфта, инчунин шахсони фардиеро меноманд, ки фаъолияти соҳибкориро бе кушодани корхона, ё худ бе гирифтани шахси ҳуқуқӣ дорад.

Корхонаҳои хурд дар ташаккули иқтисодии Тоҷикистон ва ҷамъияти демократӣ мақоми зерини арзандаро доранд:

  1. Мунтазамии иқтисодиёт ва оромии сиёсӣ, беҳтар шудани дараҷаи зиндагии қисми зиёди аҳолӣ, ташаккули одами нав қариб дар аксари давлатҳои дунё аз пайдоиши табақаи миёна вобаста аст. Аҳолие, ки дараҷаи зиндагонии миёна дорад, сутуни асосии ҷамъияти демократӣ мебошад. Маҳз чунин табақаи миёнаро асосан корхонаҳои хурд ташкил мекунанд.
  2. Корхонаҳои хурд сарчашмаи пайдоиши дигар намуди соҳибкории калон мебошанд. Бинобар ин, давлат бояд ба ин гуна корхонаҳо кӯмак карда ба воя расонад, барои онҳо шароити хуби корӣ муҳайё созад.
  3. Корхонаҳои хурд аз ҳама шакли соддаи соҳибкорӣ мебошанд, ки аҳолии камбизоат низ метавонад соҳибкорӣ дошта бошад. Ин шакли фаъолият
пешина
аз 512
навбатӣ