Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

мебошад ва давлат барои ӯҳдадориҳои ин корхонаҳо ҷавобгӯ аст.

Корхонаҳои ғайритиҷоратӣ. Новобаста ба он ки корхонаҳои ғайритиҷоратӣ мақсади асосиашон гирифтани фоида низ набошад, ба онҳо иҷозат дода мешаванд, ки ба тиҷорат машғул шуда, фоидаро дар ҳудуди вазифаҳои оинномавии корхона тақсим намоянд.

Иттиҳодияҳои матлубот - ташкилоте мебошад, ки дар асоси иттиҳоди аъзогии ихтиёрии шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади таъмин намудани талаботи моддӣ ва ғайримоддии худ ташкил карда шудаанд.

Аъзоёни иттиҳодияҳои матлуботӣ мувофиқи оинномаи корхона ҳаққи аъзогӣ месупоранд, ки дар якҷоягӣ бо моликияти пайдокардан корхона моликияти иттиҳодияро ташкил мекунад. Аз аъзоёни иттиҳодияҳо инчунин талаб карда мешавад ва ҳангоми зарар додани он, ҳар як аъзои иттиҳодия ҳаққи аъзогии иловагӣ дохил менамояд. Даромади иттиҳодияинии матлубот мувофиқи оиннома байни иштироккунандагони он тақсим карда мешавад.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ. Ин иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон аст, ки дар асоси манфиатҳои умумӣ барои таъмин намудани талаботҳои маънавӣ ва ғайримоддии онҳо ташкил карда мешаванд. Ин намуди ташкилотҳо низ метавонанд, дар доираи оиннома фаъолияти тиҷоратӣ дошта бошанд.

Аъзоёни ин ташкилотҳо ҳуқуқи моликиятдориро ба моликияти ин ҷамъиятҳо, ки аз ҳисоби ҳаққи аъзогӣ, ё ҳиссагузорӣ пайдо шудааст, надоранд, инчунин доир ба фаъолияти ҷамъият ҷавобгар нестанд.

Фондҳо — ташкилотҳои ғайритиҷоратие мебошанд, ки ҳаққи аъзогӣ надошта бо мақсади ба даст даровардани навигариҳои маданӣ, маориф, иҷтимоӣ ва дигар чорабиниҳо, беҳтар намудани дараҷаи зисти одамон ташкил карда мешаванд. Фондҳоро шахсони алоҳида, ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси ҳиссаҷудокунии молию моддӣ ихтиёран ташкил мекунанд. Ин фондҳо фақат ба мақсадҳои оинномавӣ истифода карда мешаванд. Фонд метавонад, ки фаъолияти соҳибкорӣ дошта бошад, фақат дар ҳолате, ки агар дар оинномаи вай нишон дода шуда бошад. Сармоягузорони фонд оид ба фаъолияти фонд ягон масъулият ва ҷавобгарӣ надоранд. Валекин фонд дар назди ҳиссагузорон ҳисоботдиҳанда ва ҷавобгӯ мебошад. Ҳангоми барҳам додани фонд моликияти он бо мақсадҳои оинномавӣ истифода карда мешавад.

пешина
аз 512
навбатӣ