Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар муҳлати муайяншуда, дар шакли қабул кардашуда ҳиссаи худро
гузоранд;

сирри тиҷоратӣ ва дигар ахбори дохилаи ҷамъиятро фош накунанд.

Аз рӯи гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ташкилотҳои рафиқонаи ин иттиҳоди шахсон аст ва ҷамъиятҳои хоҷагидор иттиҳоди сармоя мебошад.

Кооперативҳои истеҳсолӣ (ё ин ки артелҳо) - ин иттиҳодии ихтиёрии шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки дар асоси аъзогӣ барои фаъолияти якуҳои истеҳсолӣ ва дигар фаъолиятҳои хоҷагидорӣ ташкил карда мешаванд.
Худашон бевосита иштирок мекунанд, ё бо дигар роҳҳои кӯмакрасони аъзоёни кооперативҳои истеҳсолӣ, аз рӯи оиннома ҳаққи аъзогии қабулшударо месупоранд. Моликияти меҳнатии иттиҳодия, моликияти ин ташкилот мебошанд.
Қисми муайяни ин моликиятро фонди тақсимнашавандаи иттиҳодия ташкил медиҳад. Ҳар як аъзои иттиҳодия метавонад, ки бо хоҳиши худаш аз аъзогӣ барояд. Дар ин ҳолат ҳиссаи сармояи худашро бо ками ҳаққи фонди оинномавии корхона мегирад.

Тақсимоти фондӣ байни аъзоёни иттиҳодия аз рӯи ҳиссаи меҳнаташон сурат мегирад. Миқдори аъзоёни иттиҳодия бояд, ки аз 5 нафар кам набошанд.

Иттиҳодияҳо бо хусусияти хоси худ, яъне ҳар як аъзои он бояд дар фаъолияти истеҳсолии иттиҳодия иштирок намояд, аз дигар ташкилотҳо фарқ мекунад. Инчунин миқдори овозҳо аз ҳиссаи сармояи гузаштаи иштироккунандагон вобастагӣ надорад. Ҳар як аъзои иттиҳодия овозҳои якхела доранд ва фоида аз рӯи ҳиссаи меҳнатиашон тақсим карда мешавад.

Ташкилотҳои давлатии тиҷоратӣ дар шакли корхонаҳои ягона ташкил карда мешаванд. Корхона, ягона ташкилоте мебошад, ки дар асоси моликияти давлатӣ ташкил карда мешавад ва худаш ҳуқуқи моликиятдориро надорад.

Ин корхона фақат ҳуқуқи истифодабарии ин моликиятро дорад, ё идоракунии фаъолиятро дорад. Моликиятдор (давлат) барои фаъолияти ин корхона ҷавобгарӣ надорад ва тамоми масъулият ба зиммаи худи корхона вогузор мешавад. Дар навбати худ корхона, низ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои соҳибмулкашро ба ӯҳда надорад.

Корхонаи ягонае, ки ҳуқуқи идоракунии фаъолиятро дорад, асосан
корхонаҳои ҳарбӣ ва комплексҳои ҳарбии муҳофизатӣ буда, ҳуқуқи онҳо маҳдуд

пешина
аз 512
навбатӣ