Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Мустақилият ва пазиройӣ — қоидаи корхонаи ғайридавлатӣ дар одамон бояд масъулиятнокӣ ва ташаббускорӣ тарбия карда шавад, корхонаи давлатӣ аз рӯи қолаби муайян ва дастурамалҳо.

  2. Самаранокии ба воситаи одамон — дар корхонаи ғайридавлатӣ барои навоварӣ, коргар ҳавасманд карда мешавад. Дар бахши давлатӣ бошад, диққат ба кам шудани хароҷотҳо дода мешавад, на барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ.

  3. Иҷрои кор новобаста ба тағйир ёфтани системаи арзишҳо — одамоне, ки дар системаи иқтисоди бозорӣ кор мекунанд, барои онҳо системаи арзишҳо ва қадрдонии шахсӣ шарти зарурӣ мебошад. Дар системаи давлатӣ агар шахсе, ки аъзои як ҳизб бошад, ҳангоми ҳизби дигар ба сари қудрату идора омадан кор карда наметавонанд.

  4. Сохтори оддии идоракунӣ. Корхонаи ғайридавлатӣ сохтори идоракунии содда дорад, корхонаи давлатӣ сохторҳои зиёди бюрократии зина ба зина ва мураккабро доро мебошад.

  5. Интихоби шакли фаъолият. Корхонаи бозоргонии ғайридавлатӣ ҳамон шакли фаъолиятеро интихоб менамоянд, ки онҳо аз ӯҳдааш мебароянд. Корхонаи давлатӣ фаъолиятеро иҷро мекунанд, ки дар қонун ва дастурҳои ба онҳо махсус навишта шудааст;

Солҳои охир идоракунии давлатӣ характери иҷтимоӣ гирифта, ҳамчун доираи фаъолияти мураккаби касбӣ доираи илмҳои сотсиология, политология, психология, иқтисоду информатика, идоракунии маъмурӣ ва менеҷментро низ дар бар мегирад.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки чӣ идоракунии давлатӣ ва чӣ менеҷмент дар доираи муайяни муносибатҳои одамон доир гардида, якдигарро дар давраи муайяни иҷтимоию иқтисодӣ пурра карда меоянд.

Таҳлили равандҳои асосии бо ҳам мувофиқшавии ин ду зинаи идоракунӣ дар мавзӯъҳои оянда пешкаши шумо мегардад.

пешина
аз 465
навбатӣ