Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Идоракунӣ дар асоси фикрронии
    амудӣ ва усули фармонфармоии
    роҳбарӣ.

  2. Идоракунӣ дар асоси маркетинги
    маҳдуди дохили системавӣ.

  3. Менеҷмент — идоракунӣ дар асоси
    корпоратизм, баланси ҳавасмандӣ ва
    мотиватсия, ба инобат гирифтани
    манфиати моликиятдорон.

  4. Менеҷмент — идоракунӣ дар асоси
    консепсияи бисёрдараҷагӣ ва
    бисёрсоҳавӣ.

Дар шароити ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ маҳдудияти байни фаъолияти секторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, мушкили муҳим мебошад.
Имконоти он, ки оё мумкин аст, ки усули фаъолияти иқтисоди бозорониро ба идоракунии давлатӣ якҷоя намоем. Доир ба ин масъала фикру ақоиди олимон гуногун мебошад.

Асосан тарафдорони ақидаи он ки дар идоракунии давлатӣ истифодаи идоракунии иқтисоди бозорӣ мумкин аст, чунин мешуморанд:

  1. Корхонаҳои давлатӣ аллакай барои қисме аз хизматҳои худ аз аҳолӣ
    музд мегиранд;

  2. Сектори бозорӣ дар навбати худ барои қарорҳое, ки сиёсатмадорон қабул мекунанд, ҳавасманд, ё худ манфиатдор мебошанд. Махсусан дар вақти қабули қонунҳо ва қарорҳои оид ба андозбандӣ, боҷи гумрукӣ, иҷозати фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва ғайра.

  3. Фаъолияти корхонаҳои соҳибкорӣ низ дар асоси қонуниятҳои мавҷудбудаи давлатӣ амалӣ мегардад.

  4. Ҳолатҳое ҳастанд, ки корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Масъалаи фарқияти доираи фаъолияти идоракунии сектори давлатӣ ва бозорӣ таҳлил карда, чунин характерҳоро мушоҳида кардан мумкин аст:

  1. Беғайратӣ дар қабули қарор — корхонаи ғайридавлатӣ якбора ба кор сар мекунад. Роҳбари корхонаи давлатӣ таҳлил мекунад, машварат ташкил мекунад, вале қарор қабул намекунад, то ӯро маҷбур накунанд.

  2. Бо мизоҷон наздик будан — корхонаи ғайридавлатӣ ба мизоҷон наздик буда, мувофиқи талаби онҳо мол тайёр мекунад. Қисми асосии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ аз мизоҷон вобастагӣ надоранд.

пешина
аз 465
навбатӣ