Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ин давра барои танзими иқтисодӣ дар давлатҳои Осиёи Миёна мақоми дини Ислом хеле калон мебошад. Дар китоби муқаддаси Қуръон якчанд сура ва оятҳо маҳз доир ба моликият, тиҷорат, андоз ва меҳнат омадааст.

Давраи охирони моликиятдории феодалӣ ба давраи гузариш аз системаи маҷбурии меҳнат ба меҳнати кироя, низоми андоз ва иҷора мувофиқат менамояд.

Давраи капитализм аз форматсияи пешинаи иқтисодӣ бо он фарқ мекунад, ки истеҳсолкунандагони асосии неъматҳои моддӣ коргарон ҳамчун шахсони озоди ҳуқуқӣ метавонанд, меҳнати худро мувофиқи хоҳишу дархости худашон фурӯшанд. Вобаста аз хоҳишу ҳавасмандии худ шаклу тарзи фаъолиятро интихоб намоянд.

Моликиятдор - шахси соҳиби молу мулк ва воситаҳои истеҳсолӣ мебошад. Бо гуфтаи дигар капитал - ин ҷамъи воситаҳое мебошад, ки соҳибкорро барои таъмин намудани талаботи ҷамъиятӣ ба молҳо ва хизматрасонӣ бо гирифтани фоида равона месозад. Ин воситаҳои пулӣ, биноҳо, иншоот, таҷҳизот ва нақлиёт, ашёи хом ва захираҳои энергетикӣ, навоварӣ ва пешгӯиҳо, хулоса, захираҳои моддӣ ва маънавӣ мебошад, ки барои соҳибкорӣ зарур аст.

Дар ин давра мақоми асосиро дар иқтисодиёт — «соҳибкор-бизнесмен» мегирад. Шахсе, ки дар асоси моликияти худаш моли нав ва хизматрасонӣ пайдо карда фоида ба даст меорад.

Пайдоиши бозори капиталистӣ — ин ҷамъи муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодие, ки дар соҳаи истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолот пайдо мегардад.

Асоси муносибатҳои бозориро озодии иқтисодии соҳибкорон — дар интихоби мол, ҷой, нархи ҷон кор ва шароити кор ташкил мекунанд.

Аз тарафи дигар дар маркази диққати иқтисоди бозорӣ — одам ҳамчун истеъмолкунанда ва истеҳсолкунанда баромад мекунад ва вазифаи муҳими бозор — таъминоти хуби истеъмолкунанда мебошад.

Маҳз дар ҳамин давра намояндагони мактаби англисии иқтисодиёти сиёсӣ А. Смит ва Д. Рикардо доир ба масъалаи идоракунӣ дар шароити нави тақсимоти фабрикавии меҳнат, ташкили истеҳсолот ва назорати идоравӣ диққати махсус доданд.

пешина
аз 465
навбатӣ