Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Ҳамин тариқ, муносибати моликиятдорӣ асоси системаи идоракунии истеҳсолот, доираи асосии мотивасияи меҳнат мебошад. Моҳият ва мазмуни мотивасияи меҳнат вобаста ба рафтори субъектҳои иқтисодӣ, муносибати моликиятдорӣ, натиҷаи истеҳсолот ва меҳнат мебошад.
Алоқамандӣ ва вобастагии инкишофи системаи менеджмент аз шакли моликият, мураккаб ва баҳснок мебошад. Худ аз худ на моликияти хусусӣ, на моликияти омехта ва давлатӣ дараҷаи баланди инкишофи менеджментро таъмин карда наметавонанд. Лекин гуногуншавӣ ё дигаршавии моликият, шакл ва тарзу услуби системаи идоракуниро пурра тағйир медиҳанд. Вазифаи асосии интихоби моликиятдор ва фаъолияти самараноки соҳибкорӣ мебошад.
Дар иқтисоди омехта, махсусан дар саноат чор гурӯҳи дараҷавии фаъолияти одамон вуҷуд дорад:
Гурӯҳи якум - одамоне, ки ба истеҳсоли намуди муайяни маҳсулот банд буда, барои дигар гурӯҳи одамон маҳсулоти зарур мебароранд. Дар ҳамин зинаи ташкилии истеҳсолот созмон меёбанд.
Гурӯҳи дуюм - гурӯҳи одамоне, ки ба идоракунӣ дар истеҳсолот ва тақсимот сару кор доранд. Ин дараҷаи ташкили идораи менеҷерон мебошад.
Гурӯҳи сеюм - ин гурӯҳи одамоне, ки вазифаи идоракунии менеҷеронро ба ӯҳда доранд. Яъне директорон, Шӯрои директорон, саҳҳомон, корхонаҳои муштарак.
Гурӯҳи чорум - ин гурӯҳи одамоне, ки дар органҳои давлатӣ кор карда, сиёсати иқтисодии давлатро муайян месозанд. Ин гурӯҳи одамон дараҷаи баланди идоракуниро бояд доро бошанд, ки аз ӯҳдаи идоракунии давлатӣ, барномасозӣ ва пешгӯии иқтисодӣ бароянд.
Системаи имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию идоракунӣ ва муносибатҳои байни шахсон дар доираи шаклҳои гуногуни моликият хеле мураккаб буда, аз якдигар ба куллӣ фарқ мекунад. Бинобар ин дар вақти интихоби модели идоракунии давлатӣ ва менеджмент бо сохтори уфуқӣ вобаста аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё