Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
талабот, ҳавасмандӣ ва мотивацияи субъект ва объекти идоракунӣ муайян карда зарур мебошад.
Инчунин омилҳои дигари ташкили менеҷмент, ин хусусиятҳои хоси институтсионалӣ ва мавқеи географию табии объекти менеҷмент мебошанд.
2.5. Маданияти миллӣ ва инкишофи менеҷмент
Дар менеҷмент се зинаи маданият ба таври ҷудогона омӯхта мешавад:
маданияти миллӣ;
маданияти ташкилоти соҳибкорӣ;
маданияти роҳбарӣ.
Маданияти миллӣ дар сохтори ташкилӣ ва идоракунӣ таъсири калон мерасонад. Ҳатто дар мактабҳои классикии менеҷмент низ баъзе хусусиятҳои миллии ташкилӣ мушоҳида карда мешуд, ки хоҳ нохоҳ ба мавқеи географӣ, урфу одат, дину оин ва тарзи зиндагии мардуми ҳамон сарзамин мувофиқ нигаронида шудааст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри ХХ дар ШМА давраи пайдоиши ташкилоту корхонаҳои калонҳаҷм дар сектори хусусӣ ба миён омад.
Аммо дар дигар давлатҳои аврупоӣ, аз он ҷумла дар Олмон дар сектори давлатӣ чунин корхонаҳо пайдо гаштанд. Аз ин нигоҳ хусусияти инкишофи капитализми Олмон дар он буд, ки то охир аз системаи бюрократии феодалӣ халос нашуд. Ҳамчун давлати системаи бюрократии боқимондаҳои феодалӣ дошта ба Фаронса бисёртар монандӣ дошт, на ба Англия ва ШМА.
Аз дигар тараф на ин, ки институти давлатӣ, балки хусусият ва тарзи зиндагонии немисҳо аз фаъолияти менеҷменти ҷудогона дар ин давлат гувоҳӣ медиҳад. Немисҳо то охир қоидаҳои инвидуализмро ҷудо намекунанд, ба монанди америкоиҳо, он бисёртар ба иҷрои вазифаи хизматӣ ва ба машинаи давлатӣ такя мекунанд, ки ба онҳо ҷои кор, музди меҳнат, маданияти баланди эҳтиром ва муомилаи болорави ба зинаҳои роҳбарӣ аз рӯи хизматро кафолат медиҳад.
Намояндаи мактаби таърихии иқтисоди сиёсии немис М. Вебер роҳи англисии инкишоф ва фикронии онҳоро маҳкум мекунад, чунки Олмон ин гурӯҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё