Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
мероси боқимондаи феодализм ва бюрократизм мебошад. Дар Олмон ақида ва илми менеҷментро на ин ки муҳандисон ба монандӣ Амрико омӯхтанд ва инкишоф доданд, балки олимони академикӣ буданд. Ғайр аз Вебер, боз олимони назариявии немис Мюнстерберг ва Кәттел буданд.
Дар Олмон системаи бюрократӣ – феодалӣ, Англия типи классикии худ озоди капитализм ва ШМА капитализми монополисти, яъне капитализми ҳозиразамон барпо гардид.
Дар консепсияи бюрократияи Вебер омадааст, ки алоқаи бюрократияро мо бояд дар якҷоягӣ бо методологияи типологӣ, илмӣ, фаъолияти иҷтимоӣ, рафтори иқтисодии одамон, тақсимоти меҳнат, инчунин бо типи давлат ва хусусиятҳои миллӣ биомӯзем.
Ҳукмронӣ, ҳамчун категорияи сотсиологӣ — бо ақидаи М. Вебер рафтори мураккаб аст. Мисол подшоҳ, вақте ки амр, ё фармон мебарорад, мақсад дорад, ки он иҷро шавад. Оё ин фармонро итоаткунандагон бо хоҳиши худ иҷро мекунанд? Ҷавоби ин савол хусусиятҳои хоси якчанд типи давлатро ба миён меорад:
-
Агар итоаткунанда аз рӯи урфу одати миллӣ амрро иҷро кунад, ин шакли патриархалии давлатдорӣ мебошад.
-
Агар итоаткунандаро маҷбур созанд, ки амрро иҷро кунад — ин шакли маҷбурии давлатдорӣ мебошад.
-
Агар иҷрои амр аз рӯи эҳтиром ва сифати шахсии роҳбар, он гоҳ ин харизматизми давлатӣ аст.
-
Агар иҷрои амр ҳамчун қонун барои ҳама бояд иҷрошаванда бошад, он гоҳ ин шакли давлатдории қонунмандӣ, ё худ конститутсионӣ мебошад.
Маълум аст, ки дар ҳар чор ҳолат ҳукмронӣ дар шакли қонун суръат мегирад. М. Вебер қайд мекунад, ки аз ҳама шаклҳо дида шакли легалии давлатдорӣ, ки дар асоси қонунҳои конститутсионӣ суръат мегирад, хубтар мебошад.
Давлатҳои парламентарии имрӯза Англия, Фаронса ва ШМА ба ин гурӯҳи давлатдорӣ дохил мешавад. Тарафҳои мусбии бюрократия дар аппарати идоракунии давлатӣ дида мешавад. Агар ҳайати аппарати идоракунӣ аз одамони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё