Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

босаводу мутахассисони кордону бовиҷдон ташкил карда шуда бошанд кор пешрафт хоҳад шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки бюрократия — ходими фармонфармо аввалин маротиба дар Хитой ва Мисри қадим пайдо гаштааст. Дар Хитойи қадим дар асрҳои VII ҳаракат намуданд, ки идоракунии давлатиро ба дасти кормандони касбӣ диҳанд, аммо урфу одати миллӣ, афсун, ҷоду мавқеи идоракунии корманди касбиро танг намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки маданияти миллӣ таъсири калони худро ба маданияти ташкилӣ ва роҳбарӣ мерасонад. Лекин дар ҳолате, ки роҳбари пурқуввати донишманд бошад, метавонад, ки системаи пешқадами ташкилӣ — роҳбариро ба роҳ монда, урфу одатҳо ва хусусиятҳои миллиро ба тамаддуни нав мувофиқ гардонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се масоили асосии идоракунӣ вуҷуд дорад.

  1. Масоили ҳукмронӣ ва риояи қонун.
  2. Масоили муносибат ба иҷрои вазифа ва кор.
  3. Масоили ҳавасмандӣ аз натиҷаи меҳнат.

Дар солҳои охир дар аксари корхонаҳои Тоҷикистон идоракунӣ шакли яккасардориро гирифтааст, ки дар бисёр мавридҳо бо зарари кор мебошад.

Дуюм, муносибат ба иҷрои вазифа ва кори роҳбарӣ. Аксари маврид ташкили иҷрои кор дар шакли формалию гурӯҳӣ буда, аммо дар асл қарори идоракунӣ аз тарафи як шахс, ки аъзои гурӯҳи амрдиҳанда мебошад, қабул карда мешавад, коллектив бошад аз ҳалли масъала дур мемонад.

Сеюм, солҳои охири 90-ум ва аввали 2000-ум вобаста ба ноустувории иқтисодию сиёсӣ ва дараҷаи баланди беқурбшавии пул, ҳавасмандии коргарон, музди меҳнат бахусус дар бахши давлатӣ мавқеи худро аз даст додааст.

Дараҷаи музди меҳнат, мукофот ва дигар ёрдамҳои иҷтимоӣ дар корхонаҳо паст дида мешавад, ки ин албатта ба сифати кори менеҷмент таъсири худро расонида, дар ҷамъбаст ба пешравии иқтисодии Тоҷикистон монеагӣ дорад.

Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ пешравии менеҷмент дар кадом давлату миллате, ки набошад бо чор намуди мотиватсия вобастагии калон дорад:

пешина
аз 465
навбатӣ