Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Мотиватсияи ба мақсад расидан, ки барои ин пул нақши асосӣ мебозад. Мақсади асосии менеҷмент ин дар бозор мавқеъ пайдо кардан, ё худ пешво будан ва доимо бо чизи нав баромад кардан мебошад.
-
Мотиватсияи муҳофизатӣ — ҳаракати он, ки ба шумо касе халал нарасонад, хоҳиши ташкили доираи фаъолияти худ, ки фақат бо бизнес сару кор дорад. Асосан осоишу озодӣ дар давлат.
-
Мотиватсияи пассивӣ иҷтимоӣ, ки аксари маврид соҳибкорон усули муттаносибиро пеш мегиранд. Яъне новобаста ба он, ки мехоҳанд хуб зиндагонӣ кунанд, аммо бартарӣ ба он медиҳанд, ки беҳтараш чизеро тағйир надиҳанд, ки барои онҳо мушкил нашавад.
-
Мотиватсияи активӣ иҷтимоӣ — бо мақсади беҳтар кардани сифати дараҷаи зиндагӣ омодаанд, ки ба таваккалкорӣ раванд.
Агар ба вазъи имрӯзаи менеҷменти Тоҷикистон назар афканем, он аксари маврид ба гурӯҳи 2-юм ва 3-юм рост меояд. Бинобар чунин як рафтор маълум аст, ки соҳибкорони мо аз рақибони хориҷии худ қафо мондаанд.
Аз тарафи дигар хусусияти хоси соҳибкории имрӯзаи тоҷикӣ, ки ба чашм маълум аст, дар навбати аввал хонаҳои боҳашамат сохтан, мошинаҳо ва либосҳои қиммат доштан мебошад. Чунон ки қайд кардем, ин барои Ғарб қабул нест.
Аз тарафи дигар як доираи хурди маданияти соҳибкории байналмилалӣ пайдо шуда истодааст, ки соҳибкорони тоҷик бо рақибони хориҷии худ доду гирифт ва рафту омад намуда, аллакай баъзе равияҳои умумибашарии менеҷментро ҷорӣ карда истодаанд.
Дар инкишофи менеҷменти корхона вазифаи муҳим ин тағйир додани одату рафтору дониши одамон мебошад. Ташкили дурусти системаи менеҷмент одамонро маҷбур месозад, ки имиҷи худро дигаргун созанд. Албатта дар ин ҳолат назардошти синну сол, муҳити иҷтимоӣ низ мақоми калон мебозад.
Донистани таърихи маданияти миллӣ, арзишу қадру қиммати он, забон ва донистани рафтори одамон дар ҳама ҳолатҳои хоҷагидорӣ имкон медиҳад, ки мо менеҷерони касбии ояндаро тарбия намоем. Бе надонистани хусусиятҳои хоси маданияти миллии идоравӣ мо имкони дар дараҷаи касбӣ иҷро кардани вазифаҳои мураккаб ва комплексии идоракуниро надорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё