Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар системаи имрӯзаи ташкили менеҷмент мақоми аввалро маданияти миллӣ мегирад, ки ҳамчун хусусияти хоси муносибати байни одамон чӣ дар муҳити дохила ва чӣ дар муҳити беруна бояд истифода карда шавад.

Асосан, барои мардуми Шарқ, бахусус мардуми қадимаи тоҷикон урфу одати миллӣ, дину оин аз қимматтарин боигарӣ ва сарчашмаи муваффақияти менеҷменти имрӯза мебошад. Чунин як хусусияти мардуми тоҷик дар асарҳои бузурги гузаштагони мо Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва дигарон хеле хуб нишон дода шудааст, ки дар охири китоби мазкур бахше аз онҳо пешкаши Шумо гардидааст.

Дар амалияи менеҷмент асосан ду шакли маданият бисёртар ба чашм мерасад, ки аз якдигар фарқ мекунанд.

  1. Маданияти Ғарб.

  2. Маданияти Шарқ.

Расми 1.

Фарқиятҳои асосии маданияти Ғарб ва Шарқ дар менеҷмент

№ | ҒАРБ | № | ШАРҚ
--- | --- | --- | --- 1. | Бартарияти иштироки ҳизбию гурӯҳӣ дар идоракунӣ | 1. | Бартарияти сиёсати меросии маданияти идоракунӣ.
2. | Шахсият-асоси унсури сиёсӣ | 2. | Умумӣ (оилавӣ, планӣ, касбӣ) 3. | Урфу одати устувори сиёсати демократӣ. | 3. | Урфу одати устувор, авторитаризм.
4. | Шахсият аксар маврид қоидаҳои сиёсиро риоя мекунад. | 4. | Шахсият сиёсатро хуб мефаҳмад, валекин аксари қоидаҳои онро қабул намекунад.
5. | Дини ғарби шакли кушоди иштироки сиёсиро дорад. | 5. | Дини шарқӣ шакли пӯшидаи иштироки сиёсӣ дошта, дар ҳолатҳои экстрималӣ усули фанатизми худро дорад.
6. | Бартарияти моҳияти умумибашарӣ - умумихалқиро дорад | 6. | Бартарияти моҳияти гурӯҳи миллӣ - этникиро дорад.
7. | Бартарияти дигаргунсозӣ дар маданияти умумӣ ва сиёсӣ. | 7. | Устувории маданият ва урфу одати миллӣ.

пешина
аз 465
навбатӣ