Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ки ба бадбахтӣ гирифтор аст мехоҳад дилашро сабук гардонад ва вазъи зиндагиашро хуб намояд».

Проблемаи ташкили меҳнат, идораи меҳнатии коллективии одамон дар Юнони қадим афзалият дошт, ки мо дар боби аввали китоб қайд намудаем. Файласуфи бузург Суқрот идоракуниро ҳамчун доираи фаъолияти алоҳидаи одамон оиди: идоракунии давлат, идоракунии тиҷорат, меҳнат ва армия мешуморид.

Олимони Ҳиндустони қадим дар илми «Артхашастра» (ҳазорсолаи IV ва III-юм то милод) мафҳумҳои зиёде оиди идоракунии хоҷагӣ ва шакли хоҷагидорӣ овардаанд.

Дар китоби «Сиёсатнома»-и Низоммулмулк роҳнамо оиди роҳбарии подшоҳ, фаъолияти ёрдамчиён, идораи армия ва дигар хоҷагиҳо оварда шудааст. Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём бошад, доир ба тарзу усули роҳбарии подшоҳони Эрон хеле муфассал гуфта шудааст, ки яке аз хислатҳои беҳтарини онҳо дастгирии навоварӣ, истифодаи дурусти обу замин, ташкили одилонаи музди меҳнат ва назорати тозагии муҳити зист мебошад.

Матнҳои тоисломии ба даврони мо расида аз қабили «Корномаи Ардашери Бобакон», «Дарахти Ассурик ва буз», «Хусрави Қубодон ва редак» ба забони порсии миёна, катибаҳои аз кӯҳи Муғ ёфтшуда ба забони суғдӣ дар бораи пешвоию идоракунӣ, тиҷорат, андоз маълумоти басе муфид ба мо медиҳад.

Пайдоиши молҳо барои фурӯш моликияти хусусӣ ва пулу молро ба вуҷуд меорад. Фаъолияти соҳибкорӣ бошад, характери дигарро мегирад, яъне одамон аллакай хоҳиши фоида гирифтанро пайдо мекунанд. Дар баробари подшоҳони калон аллакай дар ин давра соҳибкорон, тоҷирон ва мулкдорони калоне пайдо мешаванд, ки характеру қоидаҳои идоракуниро куллӣ тағйир медиҳанд.

Давраи феодалӣ ва моликияти хусусии замин, пайдоиши деҳқонон, ки қисман ҳуқуқи воситаҳои истеҳсолотро доранд, нишонаҳои хоси менеҷментро пайдо мекунанд. Дар ин давра истеҳсолкунанда аллакай барои бозор мол истеҳсол карда, рақобати озоди бозор, ҳавасмандии коргарон барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати коргарон вазифаи муҳимтарини менеҷмент мегардад.

пешина
аз 465
навбатӣ