Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ба ҷои корхонаи зараровар — барҳам додани он; ба ҷои ӯҳдадорӣ дар назди давлат — озодии иқтисодӣ.

2.4. Шаклҳои таърихии пайдоиши моликият ва инкишофи менеҷмент

Менеҷмент вобаста аз пайдоиши шаклҳои моликият решаҳои таърихии худро дорад. Ҳанӯз аз давраҳои қадим фаъолияти коллективи одамон зарурияти идоракуниро пайдо месозад.

Ҳанӯз аз замони обшинаи ибтидоӣ, ки одамон воситаҳои оддии зиндагиро соҳиб гаштанд, барои таъмин кардани талаботи истеъмолӣ худро ба ҳаракатҳои соҳибкории пешвой ба таваккал ва масъулиятҷӯӣ тайёр мекарданд.

Баробари пайдо шудани моликият ба замин ва моликияти косибӣ аллакай вазифаи одамон дар соҳаи идоракунӣ каме васеъ мешавад, яъне ғайр аз истеҳсол боз фикру хариду фурӯш ва ивази молро низ кардан зарур омад.

Аллакай дар замони ғуломдорӣ ба ҷуз ду шакли фаъолият ва моликият боз фаъолияти косибии ғиштчинӣ, коркарди чӯб, киштисозӣ, кулолгарӣ пайдо гаштанд, ки баробари ин санъат ва илми назариявии ин шаклҳои фаъолият пайдо мегардад. Очеркҳои таърихӣ гувоҳ мебошанд, ки маҳз дар ҳамин давра одамон сохтмони қасрҳои калон, аҳромҳо ва каналҳои обёрикунанда сохтанд, ки ин ҳама меҳнати коллективиро талаб карда, идоракунии бошууронаро тақозо менамуд.

Мисол, баландии аҳроми (пирамида) калони Мисри қадим зиёда аз 146 м. мебошад, ки баробари хонаи 48 ошёна аст.

Вазни ҳар як санге, ки бо воситаи даст гузошта шудааст, 2-4 тоннагиро ташкил мекунад.

Ҳамаи ин фаъолиятҳо хоҳ нохоҳ ташкили дурусти меҳнатро талаб менамуд, инчунин омӯзиши шароити табиӣ ва дигар омилҳое буданд, ки дар якҷоягӣ илми идоракуниро ташкил медиҳанд.

Дар китоби Мисри қадим «Илми Птаххотепа», ки қариб 4000 сол пеш навишта шудааст, чунин сатрҳо омадааст. «Агар ту сардор бошӣ, ором бош; вақте ки хизматгорро гӯш мекунед, - ӯро дар ҳолати аввалаш нагузоред. Одаме,

пешина
аз 465
навбатӣ