Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданқонуншикании органҳои болоӣ дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳимоя карда мешаванд.
- Системаи нави иқтисодӣ ва идоравӣ аз менеҷер як қатор фикру ақида ва рафторҳои нави зеринро талаб мекунад:
воқеият, яъне фаъолияти дар асоси хоҳиш не, балки аз рӯи имконоте, ки корхона дорад;
ба назар гирифтани натоиҷи охирон;
бартарии соҳаи иҷтимоӣ аз рӯи қоидаи кор барои одамон, на ин ки одамон барои кор.
усулҳои иқтисодии роҳбариро тавонистан, аз қабили усули меъёрӣ, миқдорӣ, қарордоди оптималӣ.
истифода карда тавонистани ахбори идоракунӣ бо воситаҳои ахборӣ - истифода аз компьютер хусусияти фарқкунандаи кори менеҷер ва менеҷменти замони пешина аз ҳозира;
ба ҷои нақшаи аз боло пешниҳодшуда, татбиқи нақшаи воқеии худ, ки ба бозор нигаронида шудааст;
ба ҷои «иҷрои нақша ба кадом роҳе набошад» — иҷрои кор бо мақсади таъмини талаботи истеъмолкунанда;
ба ҷои истеҳсоли умумӣ — гирифтани фоида;
ба ҷои усули маъмурии фармондиҳӣ — усули иқтисодӣ;
ба ҷои кор барои органҳои болоӣ - таъмини талаботи поён;
ба ҷои роҳбарии пинҳонӣ — озодии ахбор ва ҳақиқат;
ба ҷои қоидаи охир дар соҳаи иҷтимоӣ — навбати аввал бахши иҷтимоӣ;
ба ҷои васеъшавии истеҳсолот аз боло — хоҳиш ва ҳавасмандии худи коллектив — соҳибмулк барои гирифтани фоида;
ба ҷои баробарии музди меҳнат ва тақсимот — имконоти адолати иҷтимоӣ;
ба ҷои маҳдудияти музди меҳнат — музд аз рӯи миқдор ва сифати меҳнат;
ба ҷои нархи давлатӣ — нархи озоди бозорӣ;
ба ҷои монополияи давлатии истеҳсолӣ — рақобати озоди бозор;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё