Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, пайдоиши системаи нави иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум то инҷониб нишонаи ташкили системаи нави хоҷагидорӣ ва вобаста аз ин системаи нави менеҷмент, ки пайдо гаштааст, ки як қатор хусусиятҳои фарқкунандаи зерини худро дорад:

  1. Роҳбари корхона соҳибмулк мебошад. Ба ӯ чунин ҳуқуқи хоҷагидорӣ ба монанди идоракунӣ, банақшагирии корҳо, роҳҳои иҷрои нақша, тақсимоти фоидаи корхона мансуб буда, даҳолати берунаи дигар ташкилот ба фаъолияти ӯ иҷозат дода намешавад.
  2. Сифати кори корхона, истеҳсоли моли ӯ аз ҳисоби ҳавасмандии худи роҳбари корхона ва талаботи бозор таъмин карда мешавад. Сарчашмаи асосии баландбардории ҳосилнокии меҳнат ва сифати кори менеҷмент ин ҳавасмандии одамон, истифодаи рушди илму техника, сарфа кардани захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ мебошад.
  3. Асоси мотиватсияи фаъолияти кории коргарон таъмин намудани талаботи моддӣ ва маданӣ, аз ҷумла музди меҳнати баланд, манзил ва ҷои кории хуб мебошад.
  4. Воситаи асосии идоракунии корхонаҳо дар шароити нави иқтисодӣ усулҳои иқтисодии менеҷмент мебошад: мустақилияти иқтисодии пурра, нархгузорӣ, қарздиҳӣ системаи нави ҳавасмандкунӣ.
  5. Идоракунии иқтисодӣ — ин фаъолият дар асоси муҳити иқтисодӣ суръат мегирад. Барои пурра ба идоракунии иқтисодӣ гузаштан бояд муносибатҳои молию пулии тараққикарда, бозори воситаҳои истеҳсолот, мол ва хизматҳо, нархгузории иқтисодӣ, рақобати озоди иқтисодии истеҳсолкунандагон ва тиҷорат, имконоти аз байн бурдани корхонаҳои зиёдатие, ки ба пешравии идоракунӣ халал мерасонанд ба роҳ монда шавад.
  6. Ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ бо роҳи демократӣ ҷорӣ мегардад.
  7. Манфиати давлат фақат бо роҳи фишангҳои иқтисодӣ амалӣ мегардад. Фаъолияти ин фишангҳо бояд хеле маҳдуд ва назоратшаванда бошад.
  8. Инкишоф ва амалӣ гаштани системаи менеҷменти иқтисодӣ, ҳуқуқи уҳдадориҳои коллективҳои меҳнатӣ, муҳофизати манфиати корхонаҳо аз
пешина
аз 465
навбатӣ