Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Системаи мураккаби маъмурию фармондиҳӣ боиси нодуруст ва ботил шудани ахбор гардида, садди роҳи ҳамагуна навоварӣ мегардад. Чунки омили асосӣ дар рақобати бозор ва ҷорӣ кардани навоварӣ вақт мебошад. Аз даст додани вақт — аллакай аз даст додани бозор аст.

Омили дигари пешравии иқтисодӣ ташкили технологияи нав ва механизми прогрессиввии истифодаи он аст. Маҳз дар чунин як ҳолат самаранокии истифодаи технологияи пешқадам аз инкишоф ва касбияти менеҷмент вобаста мебошад.

Давраи масъул ва нозук барои менеҷер, давраи иваз шудани технологияи нав мебошад. Маҳз идора кардани чунин як раванд муваффақияти корхона мебошад, чунки дар натиҷаи навоварӣ ҳолатҳое мешавад, ки фоидаи корхона аз 100 то 500% зиёд мегардад.

Солҳои охир дар соҳибкорӣ чунин суръати тези технологияи нав дида мешавад, ки кандашавии калони байни корхонаҳо, соҳаҳо ва ҳатто давлатҳо дида мешавад. Яъне касоне, ки чунин як ҷараёнро истифода ё худ идора карда метавонанд, бо суръати баланд бой шуда истодаанд ва касоне, ки чунин як ҷараёнро истифода ва идора карда наметавонанд, қашшоқ шуда, бозорро бой дода истодаанд.

Солҳои охир худи мазмуни прогресси техникӣ дигар шудааст: ин ҷараён на ин ки мӯҳлати физикавии хурдашавӣ, ё ин ки маънавӣ, балки бурд аз ҳисоби он аст, ки мо чӣ қадар маблағ мегузорем, имрӯз барои фардо муайян мешавад. Ягон соҳаи идоракунӣ ба соҳаи идоракунии навоварии технологӣ баробар шуда наметавонад ва ҳосилнокии меҳнатро бо ин дараҷа баланд бардошта наметавонад. Воситаи асосии бурди корхона, ин расида тавонистан ва ақиб намондан аз инкишоф мебошад.

Омилҳое, ки ин ҷараёнро таъмин мекунанд, инҳо мебошанд:
оромии сиёсӣ;
худшиносии миллӣ;
боварӣ ба оянда;
маҳорати касбӣ дар системаи давлатии идоракунӣ;
маҳорати касбии менеҷмент;
менеҷерони таҷрибадори иқтисоди бозорӣ.

пешина
аз 465
навбатӣ