Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Аз нигоҳи илмӣ аз ҳолати ногувор ё карахтӣ ҳамон система тез баромада метавонад, ки агар дар он озодии иқтисодӣ, ташкилӣ, фикру ақида ва сухан бошад.
Қайд кардан зарур аст, ки иқтисоди бозорӣ доимо дар ҳолати нобаробарӣ инкишоф меёбанд. Меъёр ва ҳаргуна нишондодҳо садди роҳи пешравии прогресси илмию техникӣ мегардад. Дар бозори озод бояд истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда ғайр аз арзиш ва меъёрҳои ахлоқӣ дигар бояд пурра озод бошад.
Аксари мактабҳои назарияи иқтисодӣ дар асоси мафҳуми классикии мувозинат илми худро пеш бурдаанд. Ҳарчанд ки дар аввали асри XX маълум гардида буд, ки мувозинати ин пуррагии бозор аст.
Солҳои охир бошад мувофиқи қонуни термодинамикии мавқеи прогресси илмию техники ҷараёни алоҳидаи инкишофи бемайлони қисматҳои алоҳидаи иқтисодӣ ба чашм мерасад.
Қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ ин пеш аз ҳама дур будан аз қоидаи мувозинатӣ мебошад. Ташкили чунин як системаи иқтисодӣ боиси мустаҳкам гардидани сохтори худидоракунӣ ва худташкилкунии шаклҳои гуногуни моликият мегардад.
Иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамон вақт самаранок кор мекунад, ки агар шаклҳои гуногуни моликият дар асоси рақобати озоди бозор озодона вуҷуд дошта бошад.
Омили дигаре, ки дар инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ мақоми аввалиндараҷа дорад, ин пайдо шудани системаи ахбор аст.
Ахбор ҳамчун воситаи навоварӣ бояд оиди зиёдшавии маҳсулоти нав, шаклҳои нави хизматрасонӣ, технологияи нав, шаклҳои нави ташкили истеҳсолот ва дигар навоварӣ маълумот диҳад.
Бе истифодаи технологияи нав рақобати бозорро тоб овардан ғайриимкон мебошад. Аз тарафи дигар тағйирёбии сохтори ташкилии кор дар идоракунӣ барои навоварӣ шароит муҳайё созад. Яъне озодии фикр, аз байн гирифтани монеаҳои бюрократӣ барои ҷорӣ кардани навоварӣ ва истифодаи таваккал дар истеҳсолот кӯмаки калон мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё