Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

моносистема ва конвергенсияи (наздикшавӣ) ягона роҳи пайваст шудан ба тамаддуни ҷаҳонӣ, ё худ пешравии иқтисодӣ нест.

Наздикшавӣ ба системаи ҷаҳонии инкишоф дар асоси инкишоф додани хусусиятҳои хоси иҷтимоию иқтисодии ҳар як мамлакат ва миллати алоҳида низ мумкин мебошад.

Чунки системаи ҷаҳонии инкишоф низ дар асоси доираҳои иҷтимоию моддии одамон ташкил карда шудаанд, ки дар ҷамъулҷамъ ба як шоҳроҳи калон мебарояд.

Ҳар як ҷамоаи инсонӣ ба қонуниятҳои объективӣ ва субъективии инкишоф рӯбарӯ мегардад, ки ба инобат нагирифтани онҳо садди роҳи пешравии иқтисодӣ мегардад.

Иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ инкишоф ёфта истодааст. Аз нигоҳи илмӣ омилҳои системаи иқтисодиро бо ду категория:

  1. Физикӣ.

  2. Иҷтимоию гуманитарӣ, ҷудо кардан мумкин мебошад.

Гурӯҳи омилҳои физикӣ агар ҳодисаҳоро аз рӯи нишондиҳандаҳои физикӣ ва риёзӣ, яъне ҳолату миқдори иқтидори захираҳо баҳо диҳад, гурӯҳи дуюм раванди асосиро дар омӯзиши шахсиятҳо, мақсад, хоҳиш, урфу одат ва дину оин нишон медиҳад.

Дар чунин як вазъият омӯзиши физикӣ мумкин он қадар мушкил набошад. Валекин раванди гуманитарӣ - иҷтимоию психологӣ одамон хеле мушкил буда, фақат дар ҷараёни вақт ва иҷрои амалии фаъолияти захираҳо муайян мегардад.

Мисол дар замони иқтисоди планӣ чунин меҳисобиданд, ки иқтисодиёт дар асоси планӣ ва мунтазам инкишоф меёбад. Аммо таҷриба нишон дод, ки чунин як қоида на ҳамеша дуруст мебошад.

Мувофиқи қонуни инкишофи диалектикӣ ва термодинамикӣ ҳар қадар ки система, маҳдудият дошта бошад, барои вуҷуд доштани худ ҳамон қадар захираҳоро зиёд талаб мекунад. Инчунин инкишофи чунин як система хеле мушкил ва суръати пастро доро мебошад, нисбат ба он системае, ки маҳдудиятҳои кам дорад.

пешина
аз 465
навбатӣ