Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Усули дурусти ташкили маъмурии идоракунӣ, ин сохтори дурусти маъмурии ташкил, ки сохторҳои таркибии зиёдатӣ набошад ва баъдан одамон — мутахассисони мувофиқро ёфтан мебошад. Унсури дигари самаранокии маъмурият ин қоидаи «яккасардорӣ» мебошад. Дар ин ҳолат масъулияти ҳам роҳбар ва ҳам коргарон баланд мешавад.
Мувофиқи қоидаи идоракунии Файол як шахс наметавонад, ки якбора ба ду роҳбар итоат намояд.
Маҳз «мактаби классикӣ» якумин шуда, қоидаи ташкили сохтории менеджментро пешниҳод намуд, ки то имрӯз дар таҷрибаи қариб ҳамаи давлатҳо истифода карда мешавад. Мувофиқи талаботи ин қоида, идоракунӣ, аз поён ба боло ва дар ҳар як зина зарурияти ташкили сохтори таркибӣ бояд бошад.
Қоидаи дигари идоракунии ин мактаб — «Андозаи назорат» мувофиқи ақидаи Р. Дэвис ҳангоми кори ҷисмонӣ миқдори коргарон барои идоракунии оптималӣ 30 нафар ва дар кори илмӣ бошад на зиёда аз 8 нафар муқаррар шудааст.
Ҳамин тариқ, агар мо аз нигоҳи мантиқии илм назар афканем, он гоҳ «мактаби классикии менеджмент», «менеҷменти илмӣ» дар нимаи аввали асри XX давраи хеле муҳимро аз сар гузаронидааст. Маҳз дар ҳамин давра менеджмент аз усулу қоидаҳо ва функцияҳои алоҳида ба як илм ва фанни мустақил мубаддал гаштааст.
2.3. Алоқамандии инкишофи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва менеджмент
Ташаккулёбии давлати демократии тамоюли иҷтимоӣ дошта, дар Тоҷикистон, ки асоси ҳуқуқиашро конститутсияи соли 1994 ташкил медиҳад, бояд пеш аз ҳама асосҳои иҷтимоие дошта бошад, ки дар он хусусияти хоси миллӣ, урфу одат, дину оин, шаклу миқдори оила ба назар гирифта шавад.
Баъзе ақидаҳое вуҷуд дорад, ки гӯё дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ инкишофи иқтисодӣ ва пешравии он пурра аз системаи ҷаҳонии иқтисодӣ вобаста аст, баҳснок мебошад. Ташкили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё