Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бо ақидаи Муни ва Рели қоидаи ҳамоҳангсозӣ дар кадом дараҷаи ташкилие, ки набошад - дар бизнес, дин, кори ҳарбӣ, санъат ва ҳатто ҳукумат шарт ва зарур мебошад.

Яъне фаъолияти одамон бояд дар доираи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муайян байни якдигар ташкил карда шаванд. Вазифа ва функцияи ҳар як коргар ҳам ба таври амудӣ ва ҳам ба таври уфуқӣ бояд муайян бошад. Мисол, гурӯҳи коргарон, ки ягон предмети «вазнин»-ро мебардоранд бо ҳам якҷоя ҳамоҳангии қуввашонро ташкил накунанд аз ӯҳдаи иҷрои кор намебароянд. Барои ташкил намудани ҳамоҳангии қувва коргарон 10-100-1000 ва зиёда одамон, як марказе лозим аст, ки ин вазифаро ба ӯҳда гирад, ин вазифаро «менеҷер» иҷро мекунад, ки ҳуқуқи ҳукмрониро дорад.

Дар миёнаи асри XX мактаби менеджменти англисӣ якчанд китобҳо оиди инкишофи менеджмент аз чоп мебароранд, ки дар онҳо илми менеджмент ҳамчун илми иҷтимоӣ омӯхта шуда, ақидаҳои Файол, Тейлор, Рели ва Муни ҳамчун як мактаб омӯхта, инкишоф дода мешавад.

Намояндагони мактаби англисӣ солҳои 30-50-уми асри XX Лютер Гюлик ва Линдалл Урвик мебошанд. Линдалл Ф.Урвик дар солҳои 1928-1933 донишгоҳи Оксфорд таҳсил карда, дар Женева директори Институти байналхалқии идоракунӣ, ноиби президенти институти Бритониёвии идоракунӣ шуда, соли 1934 фирмаи консультативии худашро ташкил мекунад, ки яке аз калонтарин фирма дар Англия ба ҳисоб меравад. У зиёда аз 40 китоб ва корҳои илмӣ доир ба менеджмент менависад.

Усули омӯзиши мактаби англисӣ зиёд кардани қоидаҳо ва функцияҳои идоракунӣ мебошанд. Системаи Файол 5-функсия ва 14 қоидаи идоракунӣ, Урвик 29 қоидаи идоракунӣ, Гюлик бошад 7 функцияи идоракуниро пешниҳод менамоянд.

Мувофиқи системаи унсурҳои маъмурин Гюлик идоракунӣ - ин банақшагирӣ, ташкил, ташкили штатҳои корӣ, роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳисобот, тартиб додани буҷа мебошад.

Қоидаи асосии тартиботии идоракунии Файол бошад, ин «ҷой барои ҳар як кас ва ҳар кас дар ҷои худ» мебошад.

пешина
аз 465
навбатӣ