Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
макони зист харида, хонаҳои коргаронро таъмиру таҷҳиз менамояд.
Мақоми бузурги Р. Оуэн боз дар он аст, ки маҳз ӯ менеҷерро ҳамчун шахси воқеӣ дар минбари таърихӣ пайдо месозад. Дар асарҳои А. Смит, Сен-Симон, Гамилтон ва Сея бошад «менеҷер» ҳамчун иқтисодчии назариявӣ нишон дода шуда буданд. Оуэн бошад якумин шахсе мебошад, ки дар амалия дар асоси таҳлили илми масоили алоқамандии ҳосилнокии меҳнат ва мотивацияро ва алоқамандии онро исбот карда нишон додааст.
Омӯзиши Оуэн асосан муносибати коргарон ба кор, ба менеҷмент, муносибати байни коргар ва корфармо мебошад, ки имрӯз низ яке аз масъалаҳои муҳими назария ва амалияи менеҷмент мебошанд.
Мактаби классикии менеҷмент ё худ мактаби сотсиологҳои идоракунӣ солҳои 80-уми асри XIX пайдо гашта, дар аввали солҳои 20-уми асри XX ҳамчун мактаби қонунии менеҷмент мақоми худро пайдо месозад. Ба мактаби классикии менеҷмент ғайр аз инженерони амрикоие, ки асосгузорони «менеҷменти илмӣ» буданд, ба монанди Ф. Тейлор, Г. Нэнтт, А. Хелси, Ф. Ҷилбретта, Х. Хэтвей, С. Томпсон, Г. Эмерсон, инчунин олимони немис, англис ва франсуз низ дохил мешаванд. Ба монанди: Л. Гюлик, А. Файол, М. Вебер, Л. Урвик, Ч. Муни, А. Рейли, Э. Бреч, А. Аллен М. Фоллет ва Р. Шелтон.
Усули асосии омӯзиши ин мактаби бузургро, ки пойдевори методологию назариявӣ ва илмию методии менеҷмент мебошад, қоидаи ташкили илмии меҳнатии Тейлор, назарияи иҷтимоии ташкилии бюрократии Вебер, системаи маъмурии Файол ва концепсияи идоракунии Гюлика, Муни, Рейли ва Урвикаро ташкил мекунанд.
Ҳамаи ин омӯзиш ба як мактаби хронологию тематикӣ дохил мешаванд. Дар ин ҷо сухан дар бораи ягон кашфиёти илмӣ ё гурӯҳи ҳамақидаҳо намеравад, балки аксари онҳо бевосита таҷрибаи кории худро доштанд, ки баъдан ҳамчун назарияи идоракунӣ қабул шуданд. Мисол, Генри Форд, Эндрю Карнеги, Ҷеймс Муни президентони ширкатҳои калонтарини амрикоӣ буданд. Мувофиқи омӯзиши Муни ва Рейли қоидаи асосии ташкили ҳамоҳангсозӣ (координатсия) ба ҳисоб меравад, ки иборат аст аз: 1. Раванд (сохтор) ва 2. Натиҷаҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё