Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Соҳаи асосии саноат дар Англия ин саноати коркарди пахта ва насоҷӣ ба ҳисоб мерафт. Шаҳрҳои Ланкошир ва Манҷестер маркази саноат буданд.

Соҳибкорон, муҳандисон ва олимон - Ричард Аркрайт (1732-1792), Ҷеймс Уатт (1736-1819), Мэтю Болтон (1728-1809), Чарлз Баббетҷ (1792-1817), Ҷилям Ҷевонс (1835-1882) - диққати махсусро дар равияи муҳандисию технологӣ ва иҷтимоию психологияи менеҷмент доданд, ки дар бораи ин олимон иқтисодчии бузурги немис К.Маркс дар китоби худ «Капитал» қайд намудааст.

Яке аз мисоли усули илмии ташкили менеҷмент солҳои 1800-ум дар компанияи Болтон ва Уатта, ки машинаҳои буғӣ истеҳсол мекард, дида шуда буд. Яъне дар вақти сохтани бинои нав ҷойҳои кориро аз рӯи ҷараёни технологӣ ва пайдарпаии фаъолиятҳо ташкил намуданд, ки дар натиҷа қисми корҳои зиёдатини нолозимиро гирифта партофтанд. Кори ҳар як коргар, шиддатнокии сифати кори ӯ, баръало муайян буд ва вобаста аз ин музди меҳнат ва мукофот муайян карда шуда буд.

Дар натиҷа дар ширкат системаи иқтисодии ҳисобу китоб ташкил карда шуда буд, ки арзиши аслии маҳсулот, хароҷотҳои бевосита ва бовосита ва нархи ҳар як мол алоҳида ҳисобу китоб карда мешуд.

Диққати махсусро ба баландшавии ҳосилнокии меҳнат ва зиёдшавии хоҳишмандин коргарон барои кор дода мешуд. Ҳатто сохтмони хонаҳои истиқоматии барои коргарон ройгон дар ҳамин давра пайдо гаштаанд.

Яке аз намояндагони бузурги мактаби назариявии менеҷмент Роберт Оуэн (1771-1858), ки бо номи утописти сотсиализм машҳур аст, аз нигоҳи таърихи менеҷмент ӯ ҳамчун шахсе, ки озмоишҳои амалии қимматнок дорад ва бо ин дар давоми умри 87-солаш шинохта шудааст. Роберт Оуэн дар оилаи бозорнишин ба дунё омада, ҳамагӣ 4 сол дар мактаб хондааст. Дар синни 20-солагӣ Оуэн ба соҳибкорӣ машғул мешавад ва соли 1800 соҳиби фабрикаи бофандагии калони шаҳри Нию-Ленаркс (Шотландия) мегардад. Маҳз бо роҳи ташкили қоидаҳои самараноки идоракунӣ ин фабрикаро ба қатори корхонаҳои пешсафи миллии ин мамлакат мебарад. Бартарии таҷрибаи Оуэн дар он буд, ки усули нави идоракунии иҷтимоиро пеш гирифта, як қатор ислоҳот гузаронид. Кам кардани рӯзи корӣ, тозагӣ дар ҷои кор, мағозаи нархи арзон, кӯдакони то 10-соларо аз кор озод карда, ба мактаб мефиристонад, аз ҳисоби пули худ ба коргарон

пешина
аз 465
навбатӣ